Бо мақсади корҳои наҷотбахшӣ ва ҷилавгирӣ аз ҳаводиси нохуши техногенӣ дар назди кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ «Маркази наҷот» ба фаъолият шурӯъ мекунад.
Тавре аз дафтари матбуоти кумитаи мазкур ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, маркази наҷот барои ворид шудан ба фазои ягонаи иттиллотӣ оид ба ҳолатҳои фавқуллода бо техникаву таҷҳизоти муосир мусоидат менамояд. Маркази наҷотдиҳӣ дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ бо рақами «111» амал намуда, аснои сар задани офатҳои табииву техногенӣ кӯмаки аввалиндараҷа мерасонад. «Маркази амалиёт»-и назди кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ як заминаест, барои таъсис додани маркази миллии идоракунии вазъи бӯҳронӣ, ки имрӯз яке аз шартҳои асосии омодабошии соҳаи ҳолатҳои фавқуллода ва муҳофизати шаҳрвандон мебошад.
Ба иттилои манбаъ, маркази номбурда 14-уми октябри соли ҷорӣ ба фаъолият шурӯъ мекунад. Дар маросими расман кушодашавии маркази мазкур дар назар аст, ки намояндагони ҳукумати ҷумҳурӣ, дастгоҳи иҷроияи президент, вазорату идораҳо, роҳбарону намояндагони ташкилоту созмонҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ, васоити ахбори омма ва ҳайати роҳбарону кормандони кумита иштирок хоҳанд кард.{jathumbnail off}