Ҳалокати тоҷики 51-сола дар ҳавопаймои хатсайри “Самара-Душанбе”
Мирзокаримов.Б, сокини 51-солаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, ки тайи 20-соли охир дар Русия будааст, имрӯз, 10-уми июл зимни бозгашт ба Ватан дар ҳавопаймои хатсайри Самара-Душанбе ҷон додааст.
Дар ин бора ба “Озодагон” Маҳмадюсуф Шодиев, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе иттилоъ дода, афзуд, ки Мирзокаримов 20 соли охир дар Русия иқомат доштааст ва тайи 10 соли ахир мубталои бемории саратони шуш будааст: “Ҳамроҳи писараш вақте дар Самара ба ҳавопаймо савор шудааст, вазъи саломатияш хуб будааст, дар ҳавопаймо бар асари шиддати беморӣ ҷон додааст”.
Ҳавопаймои ширкати “Уралские авиалинии” бо ҷасади Мирзокаримов соати 1:50 дар Душанбе фуруд омадааст.