Барканории Байраммирадову Абдилхекимов аз мақомҳояшон
Байраммирадов Г. - вазири сохтмону меъморӣ ва Абдилхекимов В. - вазири иқтисод ва рушди Туркманистон аз мақомҳои худ барканор шудаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Туркманистон, Байраммирадов ва Абдилхекимов дар ҷаласаи васеи кории Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳуриии Туркманистон рӯзи 9 июл аз вазифаҳояшон озод гардидаанд.
Манбаъ далели ба истеъфо фиристодани ду вазирро дар Туркманистон камбудҳои ҷиддӣ дар фаъолияти кориашон арзёбӣ кардааст.
Дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Туркманистон афзудааст, ки ба ҷои Байраммирадов Чарӣ Атоев вазири сохмтону меъмории ин кишвар таъйин шуда, ба курсии вазирии иқтисод ва рушди Туркманистон Ёлдаш Шерипов, раиси Кумитаи парлумони ин кишвар оид ба умури иқтисодӣ такя задааст.