Ҷаласаи Шӯрои уламо барои дақиқ кардани Иди фитр ба таъхир афтод
Ҷаласаи Шӯрои уламои Маркази исломӣ, ягона ниҳоди дорои ҳаққи судури фатво дар Тоҷикистон, ки қарор буд, дар он санаи Иди фитр дақиқ карда шавад, ба таъхир афтодааст.
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои кишвар рӯзи 10 июл дар намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, ҷаласаи онҳо барои дақиқ кардани Иди фитр ҳафтаи оянда баргузор хоҳад шуд.
Ба гуфтаи Абдулқодирзода, ин ҷаласаи Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар ба рӯзи 13 июли соли равон гузошта шудааст. Дар ҳоле ки қарор буд, он дирӯз, 9 июл баргузор шавад: “Рӯзи дақиқи Иди фитрро баъд аз ҷаласаи Шӯрои уламо тавассути телевизиону радио ва расонаҳо ба самъи Шумо хоҳем расонид”.
Ин дар ҳолест, ки раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи 7-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, имсол тоҷикистониён 29 рӯз рӯза мегиранд. Ба қавли Абдулқодирзода, барои муайян кардани санаи дақиқи Иди фитр Маркази исломии кишвар комиссияи вижа ташкил кардааст ва ҳамчунин хулосаи пажуҳишгоҳи Астрофизикаи академияи улуми Тоҷикистонро низ гирифтааст.
Тибқи изҳороти муфтӣ Рамазон, ки имсол 18-уми июн фаро расид, 16-уми июл поён хоҳад ёфт. Дар назар аст, тоҷикистониён Иди Саиди Фитрро 17-уми июл таҷлил кунанд.
Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ ба ҳисоб рафта, дар тақвими исломӣ баъд аз моҳи шаъбон ва қабл аз моҳи шаввол меояд. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд.