Ташвиши Қурбониён аз воридоти “Ветаминчик”-и ғайристандартии чинӣ ба Тоҷикистон
Ибодулло Қурбониён, раиси тозатаъйини Агентии “Тоҷикстандарт”-и Тоҷикистон аз воридоти маҳсулоти чинии “Ветаминчик”, навъи шириние барои кӯдакон шадидан ибрози нигаронӣ кард.
Ҷаноби Қурбониён рӯзи 10 июл дар нишасти хабарие дар шаҳри Душанбе гуфт, ин маҳсулоти чинӣ, ки аз он кӯдакону наврасони тоҷик зиёд истеъмол мекунанд, ғайристандартӣ мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, Агентии “Тоҷикстандарт”-и Тоҷикистон ҳудуди 7 ё 8 сол мешавад, зидди воридоти ин навъи маҳсулоти чинӣ ба кишвар мубориза мебарад, вале бенатиҷа аст: “Ҳудуди 7 8 сол мешавад, мубориза мебарем, аммо натавонистем, ҷилави воридоти онро гирем”.
Ин маҳсулоти чинӣ ба Тоҷикистон дар ҳоле ворид мешавад, ки раиси тозатаъйини Агентии “Тоҷикстандарт”-и кишвар мегӯяд, “мо ҳайронем, ки ин чӣ гуна ба Тоҷикистон ворид мешавад, чун агар бо роҳи қонунӣ ҳам хоҳанд, мо барои воридоти он иҷоза нахоҳем дод”.
Ӯ дар идома аз падару модар дар кишвар даъват кард, ки аз харидории ин навъи маҳсулоти чинӣ барои фарзандони худ худдорӣ кунанд.