Дабири кулли Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусалмонон ба Тоҷикистон меояд
Шайх Алӣ Қарадоғӣ, дабири кулли Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусалмонон дар доираи як сафари дурӯза ба Тоҷикистон меояд.
Торнамои расмии ин иттиҳод, ҳадафи боздиди Қарадоғӣ аз Тоҷикистонро иштирок дар Конфронси “Ислом зидди ифротгароии динӣ ва терроризм”, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, арзёбӣ кардааст.
Ба иттилои манбаъ, дабири кулли Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусалмонон рӯзи 7 июли соли равон бо Ардашер Қодирӣ, сафири Тоҷикистон дар Қатар дар шаҳри Давҳа мулоқот карда, расман аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон ба Конфронси “Ислом зидди ифротгароии динӣ ва терроризм” даъват шудааст.
Торнамои расмии Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусулмонон афзудааст, ки раҳбари он дар мулоқот бо Ардашер Қодирӣ баъзе аз масоили вобаста ба вазъи Осиё, аз ҷумла вазъи дохилии Тоҷикистонро баррасӣ карда, ҳамзистии мусоламатомез миёни миллатҳо ва ҳусни ҳамҷаворирию расидан ба пешрафт дар тамоми соҳаҳои зиндагӣ бар пояҳои исломиро муҳокима кардаанд.
Конфронси “Ислом зидди ифротгароии динӣ ва терроризм” рӯзҳои 22 ва 23 июли соли равон дар Душанбе баргузор шуда, ба он 40 шахсияти рӯҳонӣ ва коршиноси варзидаи минтақа ва ҷаҳон, аз Русия, кишварҳои арабӣ, Ҳинд, Аврупо ва дигар кишварҳо ва ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои динии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон даъват шудаанд.