АКС: Миннатдории Эмомалӣ Раҳмон аз Хамитов барои дастгириҳояш
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки дар доираи як сафари расмӣ дар шаҳри Уфа қарор дорад, бо Рустам Хамитов, раиси ҷумҳурии Бошқирдистони Русия мулоқот кардааст. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури кишвар, ин вохурӣ рӯзи 9 июл дар шаҳри Уфа баргузор шудааст.
Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот аз Хамитов барои дастгирии фаъолияти Консулгарии Тоҷикистон дар Уфа ва таваҷҷуҳаш ба мушкилоти муҳоҷирони кориии тоҷик миннатдорӣ баён кардааст. Раисҷумҳури Тоҷикистон ба омодагии Бошқирдистон барои баргузорсозии ҳамоишҳои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва БРИКС (Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) баҳои баланд додааст.
Дар идома раҳбарони Тоҷикистону Бошқирдистон ба намоишгоҳи мусаввараҳои рассомону наққошони маъруфи Тоҷикистон оғоз бахшида, доир ба ташкил ва густариши ҳамкории мутақобилан судманди фарҳангӣ гуфтугӯ кардаанд.
Дар намоишгоҳ мусаввараҳои гирдовардаи коллексионери рус Юлия Вербитская аз эҷодиёти рассомони маъруфти тоҷик, аз қабили Зуҳур Ҳабибуллоев, Муриват Бекназаров, Акмал Миршакар, Сабзалӣ Шарипов ва дигарон ба намоиш гузошта шуданд. Ин намоишгоҳ дар доираи ҳамоишҳои БРИКС ва СҲШ аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ҳамдастӣ бо раиси суди Третейии созмонҳои сохтмонӣ, коллексионери рус Юлия Вербитская зери унвони «Шедевры живописи горного края. Таджикистан. Пространство ШОС» таҳия гардидааст.