Носир Салимӣ: Роҳнамо даркор то донишҷӯй манфиати давлату миллатро дарк кунад
Академик Носир Салимӣ, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон мегӯяд, барои ҷилавгирии ҷавонон аз ифротгароӣ дар асри иттилоот роҳнамо лозим аст.
Салимӣ зимни як ҳамоиш дар Душанбе гуфт, дар замони муосир, ки иттилоот нақши муҳим дорад донишҷӯй барои дарки манфиати миллату давлат ва оилааш ба роҳнамо ниёз дорад. Ӯ таъкид намуд, ки ният дорад, корҳои мустақилона ва ҳамчунин корҳои муштараки омӯзгорону донишҷӯёнро бештар кунад. Ректори ДДОТ изҳор дошт, ки аз натиҷаи санҷиши корҳои курсию дипломии донишҷӯён дар муассисаи зертобеяш дарсоҳои ройгони забони тоҷикиро роҳандозӣ кардаанд: “Тасмими мо дар соли нави хониш ин аст, ки ҷадвали корҳои мустақилона тартиб дода мешаванд, ки барои ташаккули шахсият, ҷаҳонбинӣ ва худшиносии донишҷӯён мусоидат мекунанд. Бояд муаллимон бо донишҷӯён бештар кор бикунанд”.
Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон яке аз донишгоҳҳои бузурги кишвар ба ҳисоб рафта, 13 факултети он 5333 донишҷӯй дар бахши рӯзона ва 7150 нафарро дар бахши ғоибонабо таҳсил фаро гирифтаанд. Дар донишгоҳ 601 нафар омӯзгор дарс мегӯянд.