Ҷилавгирӣ аз қочоқи 270 кило ҳашиш ба Тоҷикистон
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМТ) мегӯяд, аз вуруди як гуруҳи беш аз 10 нафарии қочоқчӣ ба қаламрави кишвар ҷилавгирӣ кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМТ, миёни сарҳадбонони тоҷик ва як гуруҳи номаълуми қочоқчиён, ки қасди убури ғайрионунии марзро доштанд, задухурди мусаллаҳонае ба миён омадааст.
Манбаъ мегӯяд, ин ҳодиса дар хатти марзи Тоҷикистону Афғонистон, дар қитъаи масъулияти яке аз посбонгоҳҳои дастаи сарҳадии “Ҳамадонӣ”-и сарраёсат ба вуқуъ пайваста, қочоқчиён бо истифода аз торикии ҳаво ба макони номаълуме паноҳ бурдаанд.
Дар пайи тафтиши макони задухурд 270 кило ҳашиш ва ду ҷасади куштаи қочоқчии афғон ёфт шудааст: “ Феълан мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ тафтишот гузаронида истодааст”.