Ҳамчунин, ба ҳамин ҳодиса монанд, хонаи сокини шаҳри Ваҳдат- Идигул Ятимоваи 52 сола, сокини ҷамоати А. Абдулвосиев, деҳаи Баҳористонро ғорат кардаанд. Шахси номаълум тирезаи хонаи ӯро шикаста, аз дохили ҳуҷра 1 адад телефони мобили тамғаи «Нокиа» арзишаш 200 доллари ИМА, 100 доллари ИМА пули нақд ва ба маблағи 100 доллари ИМА доруҳои табобатӣ, ҷамъ ба маблағи умуми 1920 сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҳангоми гузаронидани амалиёт аз ҷониби кормандони милиса Саидбек Бозорови 34- сола, сокини ҷамоати Дустӣ, деҳаи Ваҳдатобод боздошт гардида, тафтишоти қазия оғоз гардидааст.{jathumbnail off}