Шарти Атовуллоев барои қатъи мубориза ва бозгашт ба Ватан: Сарафрозро раҳо кунед...
Додоҷон Атовуллоев, рӯзноманигор ва сиёсатмадори фирории тоҷик дар саҳфаи фейсбукии худ изҳори омодагӣ кардааст, ки бар ивази раҳоии Эҳсон Одинаев, як ҷавони мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон, аз муборизаҳо даст кашида ба Ватан баргардад.
Атовуллоев аз бедарак шудани Сарафрози Оламафрӯз - номи мустаори Эҳсон Одинаев, ҷавони 24-солаи тоҷик, ки дар интернет алайҳи ҳукумати Тоҷикистон баромад мекард, хабар дода, афзудааст, ки агар он дар дасти мақомоти тоҷик бошад, бар ивази раҳоияш омодааст аз муборизаҳо даст кашад: “Ман омодаам даст аз мубориза баркашам ва ба Ватан баргардам. Агар Ӯ дар зиндони шумост ва варо озодаш бинамоед”.
Ин изҳороти Атовуллоев дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон ӯро ба иттиҳоми даъват ба сарнагунии низом, таҳқири раисиҷумҳур ва чанд айби дигар дар пайгарди байналмилалӣ қарор додаанд.
Эҳсон Одинаев, ки Атовуллоев гуфтааст, ба ивази раҳоияш ба Тоҷикистон бармегардад, ба гуфтаи шариконаш аз соатҳои 10-11-и 19 майи соли 2015 ба ин сӯ гум шудааст ва дигар аз ӯ ҳеч кас иттилое надорад.
Тоҷикистон Одинаевро дар кофтукоби байналмилалӣ қарор дода, дар эълоне, ки сомонаи Интерпол нашр кардааст, ӯ дар ҷиноёти харобкории компютерӣ (computer sabotage) муттаҳам мешавад. Одинаев, ки соли 1991 дар ноҳияи Шаҳринав таваллуд шудааст, бо номи Сарафрози Оламафрӯз дар интернет аз ҳукумат ва раисиҷумҳури Тоҷикистон интиқод мекард. Ӯ инчунин дар рахна кардани почтаҳо ва сомонаҳои интернетӣ муттаҳам мешавад.
Анҷумани неруҳои созандаи Тоҷикистон мегӯяд, дар суроғае, ки Одинаев зиндагӣ мекард, тамоми молу колои мансуб ба ӯ сари ҷой ҳастанд ва чизеро бо худ набурдааст ва талоши чандинрӯзаи шиносҳош барои пайдо кардани Эҳсон бенатиҷа анҷом шудааст. Наздикони Эҳсон мегӯянд, эҳтимол ӯ рабуда ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст.
Ин дар ҳолест, ки дар гузашта афроде, ки аз ҳукумати Тоҷикистон танқид мекарданду дар Русия гум мешуданд, дар боздоштгоҳи Душанбе пайдо мешуданд.