(ВИДЕО) Барномаҳои ВВС дар бораи Тоҷикистон: Аз фарҳангу мусиқии тоҷикон то ҳиҷрати эрониҳо
Бахши форсии телевизиони Бӣ-Бӣ-Сӣ тасмим гирифта, силсилабарномаҳоеро дар бораи фарҳангу ойини миллӣ ва мусиқии мардуми тоҷику табиати Тоҷикистон таҳия ва ба намоиш гузорад.
Аз ин силсила, ки дар чорчуби барномаи “Булури Бунафш”-и Беҳзоди Булур, муҷрии шинохтаи ин телевизион таҳия мешаванд, аллакай барномае дар мавриди “Суруди сол 2014” пешниҳоди тамошобинон гардид. Тавре аз дафтари телевизиони Бӣ-Бӣ-Сӣ дар Душанбе ба “Озодагон” гуфтанд, барномаҳои марбут ба Тоҷикистон аз панҷ бахш иборат буда, дар бораи фарҳангу ойини миллии мардуми тоҷик ва табиати Тоҷикистонанд.
Ба иттилои манбаъ, барномаи навбатии оқои Булур дар бораи равобити Тоҷикистону Эрон нақл мекунад: “Ин барнома дар бораи эрониҳои муқими Тоҷикистон аст,ки пеш аз инқилоби исломии Эрон ба кишвари мо омадаанд. Инчунин дар он аз равобити Эрону Тоҷикистон, осори бостонии мо ва ин ки чи тур шуд Эрон ва Тоҷикистон дар чанд сад сол пеш аз ҳам ҷудо шуданд, қисса мешавад”.
Барномаи сеюми “Булури бунафш” ба Муборакшоҳ, хонандаи фақиди тоҷик ва гуруҳҳои дигари мусиқӣ бахшида шудааст: “Барномаи чорум аз таърихи як таронаи Абулқосим Лоҳутӣ бо номи “Камарборик” қисса мекунад”.
Дар барномаи ахир гуруҳи Шамс, Нобовар Чиноров, Меҳрнигори Рустам, Муҳаммарофеъ Кароматуллоҳ ва бархе гуруҳҳову овозхонҳо ширкат хоҳанд кард.
Масъулини дафтари Бӣ-Бӣ-Сӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, барои аввалин бор аст, ки “Булури Бунафш”-и Беҳзоди Булур аз Тоҷикистон таҳия шуда, фарҳангу мусиқӣ ва табиати зебо ва расму оинҳои миллии моро таблиғ мекунад: “Барномаи аввалаш ки пахш шуд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, мавриди истиқболи гарми порсизабонони ҷаҳон қарор гирифт ва даҳҳо ҳазор нафар ин барномаро тамошо карданд”.
Манбаъ меафзояд, қарор аст Беҳзод дар моҳи ояндаи милодӣ бо ширкати овозхонҳои тоҷик чор шоубарномаи яксоатаи телевизионӣ ҳам дар шаҳри Душанбе таҳия созад.
Барномаҳои марбут ба Тоҷикистони "Булури Бунафш" ҳар ҳафта соати 01:00-и шаби панҷшанбе ба ҷумъа пахш мешаванд. Ҳар барнома тӯли ҳафта шаш бор - ҷумъа соати 18:00, шанбе соати 14:00, якшанбе соати 12:00, душанбе соати 14:00, сешанбе соати 19:00 ва чоршанбе соати 22:00 такрор ба намоиш гузошта мешвад.