Раиси ЖКХ: Қурби сомонӣ поин рафт, нархи обро қимат мекунем...
Алимурод Тағоймуродов, роҳбари кулли “Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон” (ЖКХ) мегӯяд, дар соли равон нархи обро дар кишвар ҳудуди 30 дирам барои як метри мукааб боло хоҳанд бурд.
Раиси “Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон”, ки ба истиснои Душанбе хизматрасонӣ дар дигар навоҳии Тоҷикистонро ба уҳда дорад, имрӯз, 9-уми июл зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки феълан сокинони навоҳӣ барои як метри мукааби об аз 80 дирам то 1 сомониро пардохт мекунанд, ки худкифо нест: "Арзиши аслии хизматрасонии об 2,03 сомониро ташкил медиҳад".
Тағоймуродов илова кард, ки дар пайи поин рафтани қурби сомонӣ нисбати асъори хориҷӣ ниҳоди зертобеяш зимни баргардондани қарзи Бонки Аврупоӣ ба мушкилӣ дучор шудааст. Ӯ ҳаҷми қарзи Бонки Аврупоиро 37 миллион доллари амрикоӣ гуфта, афзуд, ки маҷбуранд дар нимсолаи дуюми соли равон нархи обро ҳудуди 30 дирам барои як метри мукааб боло баранд.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои раиси Хоҷагии манзилию коммуналӣ феълан дар Тоҷикистон 57,6 фоизи аҳолӣ ба оби ошомидании тоза дастрасӣ доранд, ки ин нишондод се соли пеш ба 48,6 фоиз баробар буд. Ӯ таъкид намуд, ки барои пурра таъмин намудани мардуми Тоҷикистон бо оби ошомидании тоза ҳудуди 2 миллиард доллари амрикоӣ даркор аст: "Ин корҳое, ки мо ҳоло карда истодаем дар ҳаҷми 50-54 миллион доллари амрикоист, ки басанда нест. Агар бо ҳамин раванд рафтан гирем барои мо тақрибан 85 сол лозим мешавад то 4 ҳазору 884 деҳоте, ки дорем ба оби ошомиданӣ пурра таъмин намоем".