Ҳалокати Абухолиди Кӯлобӣ -“хабари хуш” аз ДИИШ ба ҳукумати Тоҷикистон
Ҷангиёни тоҷики гуруҳи террористии мавсум ба “Давлати исломӣ” бо пахши як навор дар шабакаи интернет аз кушта шудани шарики фаъолашон - Абухолиди Кӯлобӣ иттилоъ дода, онро “хабари хуш” барои ҳукумати Тоҷикистон арзёбӣ кардаанд.
Қаҳрамони ин навор, ки рӯзи 8-уми июл ба шабакаи интернет роҳ ёфтааст, аз “шаҳодат”-и Абухолиди Кӯлобӣ иттилоъ дода, афзудааст, ҳукумати Тоҷикистон аз ин хабар хурсанд хоҳад шуд.
Абухолиди Кӯлобӣ ё “Фурқон Фаластин” лақабҳои Нусрат Назаров, сокини 39-солаи Кӯлоб мебошад, ки чандин навораш дар интернет пахш шудаанд. Ба гуфтаи худи Назаров, ҳудуди 1,5 сол пештар ба сафи гуруҳи “Давлати исломӣ” пайвастааст. Ӯ инчунин бо лақаби “Махсуми Нусрат” маъруф аст ва гӯиё дар Сурия гуруҳи тоҷикони ин ҳаракати террористиро раҳбарӣ мекард. Аммо феълан гуфта мешавад, Абухолиди Кӯлобӣ дар пайи ҳамлаи ҳавоии ҳавопаймоҳои бесарнишин ба ҳалокат расидааст ва мақомоту наздиконаш низ инро тасдиқ кардаанд.
Қаблан дар пайи пайвастани Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи дастаи таъиноти махсуси ВКД ё “ОМОН”-и Тоҷикистон ба ДИИШ овозаҳо паҳн шуданд, ки ҳадафаш ба қатл расондани Абухолиди Кӯлобӣ мебошад.
Ҳалимов дар пайи ин овозаҳо бо пахши як навори видеоӣ алайҳи афроде баромад кард, ки ҳадафи полковникро аз пайвастан ба ДИИШ қатли Нусрат Назиров, раҳбари ҷангҷӯёни тоҷики ДИИШ гуфтаанд.
Дар ин навори 2 дақиқаю 51 сониягӣ, ки шаби 17 ба 18-уми июн дар интернет нашр шуд, Гулмурод Ҳалимов, миёни ду ҷавони дигар қарор дорад ва ибтидо як ҷавони зоҳиран тоҷик бо забони гуфтории шевагӣ ба суҳбат оғоз мекунад. Ба гуфтаи ин ҷавон миёни ҷангиёни ДИИШ овоза паҳн кардаанд, ки гӯиё Ҳалимов барои куштани Фурқон (Нусрат Назаров, сокини 39-солаи Кӯлоб, ки гӯиё роҳбарии ҷангиёни тоҷики ДИИШ-ро ба уҳда дорад) омадааст. Ин ҷавон бо агушт ба Ҳалимов ишора карда мегӯяд, “как будта, генерал барои куштани Фурқон омадааст. Ин ҳама фитна аст...”
Ҳалимов дар идомаи сухани ин ҷавон мегӯяд, Фурқон бародараш аст ва то қиёмат хоҳад монд. Ҳалимов бо ишора ба силоҳ афзуд, агар ба хато нашавад, ба ҷуз кофиру муртад каси дигареро намекушад: “Агар додари ман, акаи ман муртад шавад, ман ӯро сар хоҳам бурид. Ва хоҳам кушт, агар муқобили мо ҷанг кунад”.
Гулмурод Ҳалимов, ки 27-уми май пас аз як моҳи бедарак шуданаш тариқи навори видеоӣ дар интернет аз пайвастанаш ба ДИИШ иттилоъ дод, феълан бар асоси 5 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон мавриди кофтукоби байналмилалӣ қарор гирифтааст. Ба иттилои дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон, ин ниҳод бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла моддаҳои 305 (хиёнат ба давлат), 187 қисми 2 (иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ) ва 401 (иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар дигар давлатҳо) алаҳи Ҳалимов парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Манбаъ меафзояд, инчунин нисбат ба Ҳалимов бо иҷозаи додгоҳ “чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс ба таври ғоибона” татбиқ гардида, ҳоло исми ӯ дар кофтукови байналмилалӣ қарор дорад.