Се садамаи нақлиётӣ дар як рӯз ҷони се нафарро гирифтааст
Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон чоршанбеи 8 июл дар қаламрави кишвар се сониҳаи нақлиётии маргбор ба қайд расидааст.
Манбаъ мегӯяд, дар садамаи аввал як марди 31-сола ба ҳалокат расидааст. Ронандаи автомашинаи тамғаи “Нексия”, марди 24-солаи сокини ноҳияи Ҷиликӯл, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Қӯрғонтеппа ба ҷониби ноҳияи Ҷиликӯл дар ҳудуди деҳаи Карл Маркси ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, велосипедрон, марди 31-солаи сокини ҳамин деҳаро пахш намудааст: “Дар натиҷа, велосипедрон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
Сониҳаи дигар низ дар ҷануби кишвар ба вуқуъ пайвастааст: “Ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳияи Фархор ба самти ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ҳамин ноҳия, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 34-солаи сокини ноҳияи Фархор, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди ноболиғ, писарчаи 10-солаи сокини ҷамоати деҳоти дар боло зикргардидаро пахш намудааст. Дар натиҷа, ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.
Дар садамаи сеюм, ки дар шимоли Тоҷикистон рух додааст, ронандаи худрави “Опел-Астра” ҷон додааст. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ронанда 34 сол дошта, сокини шаҳри Хуҷанд будааст. Ӯ ҳангоми ҳаракат дар масири Ғафуров-Булок-Понғоз дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров идораи мошинро аз даст дода, онро ба тарафи рости роҳ чаппа мекунад: “Дар натиҷа ронандаи автомашинаи мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.