АКС: Эмомалӣ Раҳмон боз профессор шуд
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми боздидаш аз Донишгоҳи нафтию техникии шаҳри Уфаи Русия бо унвони профессори фахрии ин донишгоҳ сарфароз гардидааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури кишвар, Эмомалӣ Раҳмон, ки дар доираи як сафари корӣ дар шаҳри Уфа қарор дорад, субҳи 8 июл аз Донишгоҳи нафтию техники ин шаҳр боздид кардааст.
Манбаъ мегӯяд, Рамил Бахтизин, ректори Донишгоҳи нафтию техникии шаҳри Уфа зимни маросиме дар ҳузури раисҷумҳури Тоҷикистон қарори Шӯрои илмии ин донишгоҳ дар мавриди сарфароз гардонидани ӯ бо унвони профессори фахриро қироат карда, изҳор доштааст: “Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоён дар рушди муносиботи ду кишвари дӯст ва шарики стратегӣ ва мусоидати фаъол ба густариши робитаҳои илмию таҳсилотӣ ба чунин қадрдонии олӣ ноил мегардад”.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни боздидаш аз Донишгоҳи нафтию техникии Уфа бо донишҷӯёни тоҷики ин донишгоҳ мулоқот карда, аз онҳо даъват кардааст, дар омӯзиши амиқи илму техникаи муосири соҳаи ҷустуҷӯй, истихроҷ ва коркарди нафт, ки ба қавли Эмомалӣ Раҳмон барои ояндаи Тоҷикистон басо муҳим аст, фаъол бошанд.