Дар мавриди мароторий барои корхонаҳои истеҳсолӣ, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар аввали моҳи ҷорӣ эълон кардааст, Ӯлҷабоева гуфт, он дар афзоиши шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ нақши ҳалкунанда нахоҳад дошт: «Ман фикр намекунам, ки танҳо бо эълон намудани мараторий шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ бо суръат афзоиш ёбад. Таъсис додани корхона дар мо айни ҳол содда шудааст. Вале нигоҳдории корхона, самаранок кардани фаъолияти он мушкил аст. Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 83 фойизи даромади корхонаҳои мо барои андоз сарф мешавад, 17 фойизи маблағҳо мемонанд, ки ба ҳеч чӣ намерасад.
Ба гуфтаи Улҷабоева, муҳити соҳибкорӣ маҷмӯи омилҳоро фаро мегирад ва агар яке аз онҳо амалӣ нашавад, роҳандозии тиҷорат ва густариши он вазнин хоҳад буд.
Вай мушкили дигарро, ки монеи густариши соҳибкорӣ дар Тоҷикистон шудааст, мавҷудияти ҳар гуна иҷозатномаҳо арзёбӣ кард: « Дар мо қонун «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ» қабул шуд. Ин низоми қабулшуда хуб аст, аммо механизми муайяни татбиқи худро надорад. Ниҳодҳои давлатӣ, ки бояд муқаррароти қонунро иҷро намоянд, баръакс ҳар гуна иҷозатномаҳои иловагиро зам кардаанд. Прокуратураи генералӣ, ки бояд риояи қонунро назорат барад, намедонад ба ин низом чӣ гуна муносибат кунад».
Барои беҳбуди фазои соҳибкорӣ, коршиносон зарур мешуморанд, ки Кодекси андоз, ки айни ҳол дар таҳрири нав омода шуда истодааст, назари соҳибкорону коршиносони мустақили Тоҷикистон ба инобат гирифта шавад.{jathumbnail off}