Раиси нави “Сафина” дар бораи "рӯйхати сиёҳ", бозгашти Талабшоҳу Орзу ва афзоиши интиқод
Зевар Давлатзода, раиси навтаъини телевизиони “Сафина” имрӯз, 8-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор дошт, гузоришҳои интиқодӣ тавассути шабакаи зертобеаш зиёд хоҳанд шуд.
Хонум Давлатзода, ки охири моҳи июн раҳбари ТВ "Сафина” таъин гардид, афзуд, бо пахши барномаҳои интиқодӣ талош мекунанд, камбудиҳо дар ҷомеа ислоҳ шавад. Раиси навтаъин инчунин азм дорад, дар пешниҳоди хабарҳо низ тағйирот ворид кунад. Дар баробари ин Давлатзода вуҷуди "рӯйхати сиёҳ"-ро, ки гӯиё роҳи бархе аз овозхонҳою шахсиятҳои тоҷикро ба ин шабака бастааст, рад карда, афзуд, ки ягон маҳдудият вуҷуд надорад.
Ӯ дар мавриди бозпас овардани ситораҳои собиқи ин шабака - Талабшоҳ Муқимов ва Орзу Исоев изҳор дошт, Исоев феълан ҳамкориро бо шабака оғоз кардааст. Давлатзода надоштани дипломи донишгоҳро барои Талабшоҳ Муқимов монеаи ҳамкорияш бо ин телевизион хонд.
Талабшоҳ Муқимов дар гузашта аз барандаҳои маъруфи “Сафина” буда, барномаҳои “Мумтоз”, “Паймон” ва чанди дигарро таҳия кардааст. Ӯ ҳамчунин дар соҳаи истеҳсоли филм низ фаъолият кардааст. “Беҳуда хорам мекунӣ” яке аз онҳост, ки ба интиқоди зиёди мунақидони синамо рӯбарӯ шуд.