(САДО) Мирзозода: Дар ҷангҳо аз Хуҷанду Б.Ғафуров ва Истаравшану Спитамен зиёданд
Раёсати кор бо занон ва оилаи ҳукумати Суғд мегӯяд, бештари ҷавононе, ки аз қаламрави вилоят ба ҷангҳои Сурия рафтаанд, сокинони шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан ва Спитаменанд.
Нодира Мирзозода, раҳбари Раёсати кор бо занон ва оила дар нишасти хабарие дар шаҳри Хуҷанд гуфт, ҳарчанд теъдоди ҷавонони ба Сурия рафтаро доранд, аммо наметавонад онро ифшо созад: “Албатта дар ман рӯйхати онҳо ҳаст, вале афсӯс, ба шумо ному насаби онҳоро дода наметавонам. Шумора ҳаст, аммо теъдоди онҳо зиёд ҳам нест. Ҳастанд духтараконе, ки бо роҳи гумроҳшавӣ ва фиреб ба Сурия ҳам рафтаанд, вале теъдоди он занону ҷавондухтарон зиёд нест.
Ӯ афзуд, аксаран ҷавонон худашон нафаҳмида, ба гуруҳҳои террористиву экстремистӣ шомил мешаванд: “Аксари онҳо барои ҷустуҷӯйи кор ба Русия мераванду ба як пулу як маблағ муҳтоҷ мешаванд, ки дар ҳамин маврид гуруҳҳои махсус онҳоро ба равияҳои номатлуби худ шомил карда истодаанд”.