Дархост аз Президент: Назорати сарфу харҷи “Тоҷик Эйр”-у фурудгоҳи Душанбеву Хоруғро сахттар кунед
Гуруҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо ирсоли як муроҷиатнома аз раиси ҷумҳур ва вазири нақлиёт хостаанд, дар танзиму ҳаллу фасли сафарҳои мунтаззами ҳавоии хатсайри Душанбе-Хоруғ-Душанбе ва боло бардоштани сифату бехатарии парвоз дар ин хатсайр мусоидат намоянд.
Дар ин муроҷиатнома омадааст, дар 20 соли ахир, барои анҷоми парвоз ба Вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) ҳавопаймое харидорӣ нашуда ва анборгоҳи фанние, ки айни ҳол аз он истифода мешавад, куҳна шуда, ба таҷҳизу тармим ниёз дорад: “Мо ҳамагон он фоҷиаи маргбори соли 1993-и фурудгоҳи шаҳри Хоруғро бахубӣ дар ёд дорем, ки даҳҳо кас дар он даргузаштанд. Ба ин хотир аз Шумо, раисҷумҳурии гиромӣ, чун кафили амну бехатарӣ дар кишвар ва аз муҳтарам вазири нақлиёт, чун масъули фаъолитятҳои ин вазорат, дархост мекунем, то ба кору фаъолияти ширкати ҳавопаймоӣ, ки уҳдадори парвозҳо ба самти Помир аст, диққати ҷиддӣ равона карда, аз ташкилоту мақомоти дахлдор иҷрои вазифаи хизматии коромаду салоҳиятдор талаб кунед. Бо чунин роҳ, мусалламан, метавон садамаву фалокатҳои ояндаро пешгирӣ кард”.
Муаллифони муроҷиатнома ба арзиши баланди парвозҳои дохилӣ, ба вижа хатсайри Душанбе-Хоруғ-Душанбе ишора карда, онро беасос хондаанд: “Ҳамчунин, мутобиқ кардани нархҳо бар асоси асъори хориҷӣ (доллари ИМА) бо қонунгузории кишвари мо созгорӣ надорад. Нархи чиптаҳо (Душанбе-Хоруғ-Душанбе) бар асоси арзиши доллари амрикоӣ дар рӯзи хариди чипта муқаррар карда мешавад. Аз ин сабаб, аз Шумо хоҳиш мекунем, ки назорати худро аз болои сарфу хароҷоти ин ширкат ва фурудгоҳҳои Душанбеву Хоруғ сахттар кунед, то фасоди молӣ барҳам зада шавад”.
Дар он таъкид шуда, ки феълан, парвозҳои хатсайри Душанбе-Хоруғ-Душанберо ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр”, бо истифода аз ҳавопаймои АН-28 ба анҷом мерасонад. Муаллифон гуфтаанд, таъхиру сари вақт анҷом нашудани парвозҳо бо иллати фаннӣ дар хатсайри мазкур “як одати муқаррарӣ шудааст”. Онҳо афзудаанд, дар ин хатсайр рӯзе танҳо як маротиба парвоз анҷом мешавад, ки барои қаноатманд гардонидани талаботи нақлиётии шаҳрвандону гардишгарон кофӣ нест: “Шумо, арҷмандон, худ хуб огоҳ ҳастед, ки бо вобастагӣ аз боду ҳаво, ҳолати вайрони роҳҳо ва пулҳои худравгузар, роҳи Душанбе-Хоруғро аз тариқи худрав метавон дар муддати 12-15 соат тай кард ва то маҳалҳои дурдаст ҳатто метавон то ду шабонарӯз тӯл кашид. Барои бештари мусофирон, аз ҷумла кӯдакон, беморон, занони ҳомиладору солхӯрдагон нақлиёти ҳавоӣ ягоне умеде мебошад”.
Дар идомаи муроҷиатнома омадааст, “дастрас кардани чиптаҳо барои ин хатсайр низ начандон осон аст. Дар даврони роёнаӣ ва фанноварии ҳозиразамон, фурӯши чиптаҳо ба тариқи навбатпоӣ ва навиштани ному насаб дар рӯйи қоғазпора ба роҳ монда шудаст, ки барои дарёфти маълумоти зарурӣ ё ишора ба он дар сурати саривақтӣ надодани чипта мушкилиовар аст. Муносибати кормандони нуқтаҳои хизматрасонӣ бояд ба хубӣ талаботи мусофиронро қонеъ гардонад”.
Муаллифон навиштаанд, агар ширкатҳои ҳавопаймоии дохили кишвар наметавонанд аз уҳдаи ин вазифаҳо бароянд, пас бозори ҳавонавардӣ бояд барои ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ дарҳои худро боз кунад, то шаҳрвандон аз хизматрасонии сифати аъло ва арзишҳои дастрас бенасиб намонанд.
Дар поёни муроҷиатнома чанд дархост низ ироа гардидааст:
1. Мусоидати ҳамаҷонибаи барои пешрафти бозори дохилии ҳавонавардӣ ва хизматрасонии фурудгоҳҳои Душанбеву Хоруғ;
2. Ба иҷро расондани назорати давлатӣ ва ба роҳ андохтани чораву тадбирҳои воқеӣ барои таъмини бехатарии парвоз ва пешрафти инфраструктураи ҳавонавардӣ-нақлиётии дохилии кишвар;
3. Назорати арзиши чиптаҳои ҳавопаймоӣ ва фаъолияти марказҳои чиптафурушӣ (барҳамдии навбатпоӣ аз рӯйи рӯйхат);
4. Ба роҳ мондани хариду фурӯши чиптаҳо ба тариқи роёнаӣ (онлайн), соддагардонии фаъолияти нуқтаҳои чиптафурӯшии фурудгоҳи Хоруғ ва Душанбе;