Обама ба ҷои Эллиотт Элизабетро ба Тоҷикистон фиристоданист
Барак Обама, раиси ҷумҳурии Иёлоти муттаҳидаи Амрико номзади оянда ба мақоми сафирии кишвараш дар Тоҷикистонро муаррифӣ кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Кохи сафед, Элизабет Миллард ҳамчун номзад ба мақоми сафирии ИМА дар Тоҷикистон аз сӯи Обама пешниҳод шудааст.
Хонум Миллард аз соли 2013 ба ин сӯ, ба ҳайси муовини котиби иҷроияи Депардаменти давлатии ИМА кор мекунад ва дар гузашта дар сафоратхонаҳои кишвараш дар Қазоқистон, Непал, Ҳиндустон ва Мағриб фаъолият кардааст.
Муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва ИМА 14 феврали 1992 барқарор гардида, моҳи марти ҳамон сол сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар Қазоқистон) кушода шуд ва сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон аз соли 2002 ба ин сӯ, фаъолият менамояд.
Аз моҳи октбяри соли 2012 то ҳол курсии сафирии ИМА дар шаҳри Душанберо Сюзан Эллиотт дар ихтиёр дорад.