Эмомалӣ Раҳмон дар садри як ҳайат ба Уфаи Русия рафт
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз, 8 июл ҷиҳати иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба шаҳри Уфаи Федератсияи Русия сафар намуд.
Тибқи иттилои Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт Эмомалӣ Раҳмонро Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олӣ, Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар, Бахтиёр Худоёрзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент ва дигар шахсони расмӣ гусел кардаанд.
Манбаъ мегӯяд, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷӣ, Эркинхон Раҳматуллозода, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдо, Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.