Дар баробари даъват ва гусели ҷавонон ба сафи Артиши Миллӣ ҳамзамон қабулу ҷобаҷокунии наваскарон дар қисму воҳидҳои низомӣ ва ба эҳтиёт рухсат намудани сарбозоне, ки мӯҳлати муайяни хизмати ҳатмии ҳарбиро дар ҷузъу томҳои вазорати мудофиа ва умуман дар қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба итмом расонидаанд, идома дорад.
Фаридун Маҳмадалиев, котиби матбуотии вазорати мудофиа дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дода афзуд, наваскароне, ки аз комисариатҳои ҳарбӣ ба қисмҳои низомӣ шомил мегарданд, дар ҷузъу томҳои алоҳидаи сохторҳои қудратии малакат ба курсҳои омодагии ибтидоии ҳарбӣ фаро гирифта мешаванд.
Манбаъ афзуд, дар ин тамринҳо наваскарон асосан бо муҳити қисми низомӣ, талаботу оинномаҳои ҳарбӣ, тарзи дурусти пӯшидани либоси ҳарбӣ, омода намудани кати хоб ва дигар зинаҳои аввали хизмати ҳарбиро меомӯзанд. Баъди пурра омухтани курсҳои омодагии ибтидоии ҳарбии якмоҳа наваскарон савганди ҳарбӣ ёд мекунанд ва ҳамчун сарбоз барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ фиристода мешаванд.
Гуфтанист, ба эҳтиёт ҷавоб додани сарбозоне, ки мӯҳлати хизмати ҳарбиро адо намудаанд, то охири моҳи ноябри соли ҷорӣ пурра ба анҷом мерасад, нақшаи даъвати тирамоҳӣ бошад, то имрӯз ҳудуди 40 % иҷро гардидааст.{jathumbnail off}