АКС: 60 ҳазор ҷарима, 16 сол зиндон ва ҷузъиёти нави қазияи “Шайх Темур”
Додгоҳи Олии Тоҷикистон, рӯзи 8-уми июл Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темур”-ро ба 16 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст.
Тибқи қарори додгоҳ “Шайх Темур” барои дузанагӣ, таҳқири ҷасади фавтидагон, яъне несту нобуд ё касиф кардани қабристон, аз ҷониби гуруҳи шахсон даст задан ба тамаъҷӯӣ, яъне талаби молу мулки ғайр бо таҳдиди зӯроварӣ, сохтмони худсарона дар қитъаи замин дар баробари 16 соли зиндон инчунин дар ҳаҷми 1500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё худ 60 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима шудааст. Бо қарори додгоҳ муҳлати адои ҷазо аз 16-уми феврали соли равон ҳисоб карда шавад.
Ба иттилои манбаъ ҳамроҳи Сатторов яке аз муридонаш Фузайл Низомов низ ба 15,5 соли зиндон маҳкум шудааст.
Аммо духтари "Шайх Темур" дар пайи эълони ҳукм дар суҳбат бо "Озодагон" онро "говсуд" унвон карда, изҳор дошт, ки аз болои ҳукм шикояти кассатсионӣ хоҳанд бурд. Ӯ иттиҳоми қаллобӣ алайҳи падарашро беасос хонда, илова намуд, ки “падарам ҳатто пулро намешиносад. Ҳозир ларзида шиштааст. Ба синни пирияш нигоҳ карда бояд озодаш мекарданду моро бесарпаноҳ намегузоштанд. Ӯ барои ба мактаб нарафтани фарзандонаш айбдор мекунанд, дар ҳоле ки дар макони зисташон мактаб ҳамагӣ то синфи 4 аст”.
Худи Сатторов рӯзи 7-уми июл зимни сухани ниҳоияш аз додгоҳ хост, ӯро сафед ва аз толори мурофиа озод кунад.
Ба қавли вакили дифоъ Саидмаҳдихон Сатторов дар сухани ниҳоияш дар мурофиа изҳор доштааст, ки “муҳтарам судя Шумо худ шоҳид астед, ки нафарони даъватшуда - шоҳидон дар мурофиаҳо гуфтанд, дар кирдорҳои ман зуроварӣ, фишор ва ҳеч гуна таҳдид дида намешавад. Хоҳиш мекунам дар хонаи машваратӣ нишондоди шоҳидон ва синну соли маро ба назар гирифта, дар моҳи Рамазон, маро аз толори мурофиа озод намоед”.
Додситонӣ барои “Шайх Темур” 18 соли зиндон талаб карда буд.
Номи “Шайх Темур” баъди он вирди забон шуд, ки Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон шоми 6 феврали соли ҷорӣ филми мустанадеро бо номи “Ривояти Шайх Темур” намоиш дод. Дар он аз мардумфиребиҳои Сайидмаҳдихон Сатторов, нақл мешуд.
Баъдан, Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо дархости Додситонии кулл ӯро ба ҳабси пешакӣ гирифт ва 9 июни соли равон дар боздоштгоҳи №1-и шаҳри Душанбе мурофиаи додгоҳии ӯ оғоз шуд.