“Мақсади ёрдамчии президент ҷавон кардани синни хизматчиёни давлатист...”
Ҷумахон Давлатов, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, дастури ахири Асадулло Раҳмон, ёрдамчии раисиҷумҳур оид ба кадрҳо, барои озод кардани нафақахӯрону маъюбон аз кор дар ниҳодҳои давлатӣ ба ҷавон кардани синни хизматчиёни давлатӣ равона шудааст.
Ҷаноби Давлатов имрӯз, 7-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе дар шарҳи дастури Асадулло Раҳмон барои озод кардани маъюбону нафақахӯрон аз кор дар ниҳодҳои давлатӣ афзуд, “бархе аз кормандон мубталои бемориҳо буданд, ки барояшон кор кардан мумкин нест”.
Ба таъкиди Давлатов, маъракаи аз кор гусел кардани нафақахӯрон танҳо ба хизматчиёни давлатӣ рабт дошта, нафақахӯрҳо дар соҳаи илму маориф ва тандурустӣ метавонанд корашонро идома диҳанд.
Ӯ илова намуд, аз қариб 500 нафақахӯре, ки хизматчии давлатӣ буданд, феълан ҳамагӣ 8 нафар боқӣ мондаанд: “Аз миёни 18 ҳазору 582 хизматчии давлатӣ айни ҳол 4 ҳазору 414 нафар занон ва 7 ҳазору 968 нафарро ҷавонони то синни 35 сола ташкил медиҳанд. Шумораи занон 21 нафар ва ҷавонон нисбати соли гузашта 136 нафар афзудааст”.
Давлатов дар мавриди омори фарзандони мансабдорҳое, ки феълан дар хизмати давлатӣ қарор доранд, изҳор дошт, ки ҳисоби мушаххасе рӯи даст нест. Ӯ илова намуд, ки ояндаи наздик ин масъаларо мавриди омӯзиш қарор медиҳад ва оморро пешкаш хоҳад кард.