Супориши Убайдуллоев: Аз либоси ягона то истифодаи зарфияти соҳибкорон
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе дар ҷаласаи васеи кории рӯзи 6 июли худ бори дигар ба роҳандозии либоси ягона дар тамоми субъектҳои хидматрасонии пойтахт таъкид кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Убайдуллоев ба масъулини соҳа дастур додааст, “либоси ягонаи таъинотӣ дар тамоми субъектҳои хизматрасонӣ роҳандозӣ карда шавад”.
Инчунин шаҳрдори Душанбе масъалаи тармиму бозсозии роҳҳои пойтахтро ба миён гузошта, супориш додааст, барои рафъи ин мушкил аз зарфияти соҳибкорон, сохторҳои худфаъолияти ҷамъиятию аҳли ҷомеа, сокинону субъектҳои хоҷагидорӣ истифода шавад. Дар ин ҷаласаи Убайдуллоев масоили таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, беҳбудбахшии вазъи санитарию экологӣ, бо инобати гармии ҳаво вусъати корҳои профилактикӣ оид ба эмин нигоҳ доштани дарахту сабзазорони шаҳр аз гармӣ, ҳолати зиддисӯхтории бинову иншоот, назорати роияи муқаррароти қонунгузорӣ оид ба манъ доштани парвариш ва нигоҳдории чорвои хурду калон дар қаламрави шаҳр, безараргардонии сагҳои дайду, дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани каналу селпартоҳо ва тақвиятбахшии фаъолияти Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе дар мавзеъҳои оббозии сокинон ва назди каналу дарёҳои марзгузари шаҳр, риояи фарҳанг ва одоби шаҳрнишинӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, вусъати тадбирҳо оид ба дастгирии соҳибкорӣ, пешгирӣ намудани ғасби худсаронаи қитъаи замин ва таъмини волоияти қонун дар ин самт, роҳандозии инвентаризатсияи сартосарии моликияти коммуналӣ дар марзи шаҳр ва ҳолати роҳҳову иншооти роҳсозӣ низ баррасӣ шуда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас ироа гардидааст.
Раиси шаҳри Душанбе дар идома нақши ҳамаи соҳибкоронро дар амалисозии ташаббуси худ оид ба пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар пойтахт бориз хонда, ба онҳо миннатдорӣ баён кардааст.