(АКС) Гузориш: Қасос аз шавҳар бо баҳои ҷони се кӯдак...
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон шоми 8-уми июл, бо пахши як гузориш тариқи шабакаи аввали телевизиони кишвар қазияи Парвина Абдуллоева, сокини ноҳияи Ёвонро баррасӣ карданд, ки барои қасос аз шавҳар бо се кӯдакаш худро дар шаҳри Душанбе ба канали “Ҳисор” партофтааст.
Ба гуфтаи мақомот ин қазия дар пайи муноқишаи оилавию зуҳури рашк сар задааст, вале ҷузъиёти бештарро ифшо накардаанд.
Манбаи “Озодагон”, ки дар бозпурсии Парвина Абдуллоева иштирок доштааст, изҳор дошт, Парвина пушаймоние баён накард ва танҳо ҳаминро гуфт, ки "бояд худам ҳам мемурдам”.
Абдуллоева сабаби қасди ҷони худу ғарқ кардани се кӯдакашро чунин шарҳ додааст: “Шавҳарам бо духтари аммааш соз гирифтаанд ва вақте ба ман аз ин кораш хабар дод бисёр қаҳрам омад. Ман қасд гирифтан мехостам. Нахостам, ки фарзандонам ба дигар кас монанд, бояд худи ман мемурдам. Акнун шавҳарам месузад”.
Манбаи “Озодагон” афзуд, Парвина қабл аз он ки худу фарзандонашро ба дарё андозад, дар Кӯли ҷавонони Душанбе бо фарзандонаш аксбардорӣ кардааст: “Дар пушти аксҳо номи фарзандон ва боз чизи дигаре навишта онҳоро ба як корманди ошхона дар Кӯли ҷавонон медиҳаду худашро аз болои пул дар маҳаллаи Ҳаёти Нав ба канали Ҳисор мепартояд”.
Ба иттилои манбаъ, аз наздикии ҷои ҳодиса телефони Парвина ёфт шудааст, ки бори охир ба он аз хонаи волидонаш занг задаанд: “Телефони ӯ аз макони ҳодиса ёфт шуд ва маълум гардид, ки аз хонаашон ба ӯ занг задаанд. Парвина гуфт, аз хона ӯро даъват кардаанд, ки ҳар куҷое бошӣ ба хона биё, ки модарат аз набудани ту дар ташвиш шуда, фишори хунаш баланд гардидааст. Аммо ин даъват пеши роҳи Парвинаро нагирифтааст”.
Манбаи “Озодагон” илова кард, ки феълан додситони ноҳияи Сино алайҳи Парвина Абдуллоева бо моддаи 104 қисми 2, (барои куштори 2 ва зиёда нафар, бараъло ноболиғ ё шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ў барои гунаҳгор аён аст) парвандаи ҷиноӣ боз карда, худи Парвина бо қарори додгоҳи ин ноҳия дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Ин иттиҳом ҷазо дар намудаи аз 15 то 25 соли зиндон ё ҳабси якумраро пешбинӣ кардааст.
Қаблан аз Кумитаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон иттилоъ додаанд, Парвина Абдуллоева тақрибан соати 21:18 дақиқа худро бо се фарзанди ноболиғаш - Зиёвиддин Бобоев соли таваллудаш 2008, Маҳина Бобоева соли таваллудаш 2009 ва Омина Бобоева соли таваллудаш 2010 ба канали Ҳисор андохтааст, ки дар натиҷа худи ӯ наҷот ёфта, се фарзандаш ба ҳалокат расидаанд.