Генерал Хайруллоев марги Боборизо аз тири марзбонҳои қирғизро баррасӣ мекунад
Генералҳои тоҷик - Шералӣ Хайруллоев, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Аъзам Қосимов, мушовири вазири мудофиаи кишвар барои таҳқиқи ҷузъиёти ҳалокати сокини 18-солаи ҷамоати Чоркуҳ ва ҷароҳати марзбони тоҷик аз тири марзбонҳои қирғиз дар ноҳияи Исфара қарор доранд.
Ба иттилои манбаи “Озодагон” феълан мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои муайян намудани ҷузъиёти тирпаронии рӯзи 6-уми июл дар марз, ки пайи он Боборизо Мирзоев, сокини 18-солаи ҷамоати Чоркуҳ кушта ва як марзбони тоҷик маҷруҳ шудааст, идома дорад: “Аз тамоми мақомоти қудратӣ намояндагон ба ҷои ҳодиса рафтаанд ва дар сурати муайян шудани ҷузъиёти ҳодиса онро ироа хоҳем кард”.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти марзбонии Қирғизистон чун одат дар чунин ҳолатҳо пешдастӣ карда, 6-уми июл, бо пахши як изҳорот ҷониби Тоҷикистонро дар ин қазия гунаҳкор кардааст, аммо дар мавриди як кушта иттилое надодааст.
Тибқи иттилоияи марзбонони Қирғизистон 6 шаҳрванди Тоҷикистон дар мавзеи Қочо-қарини ноҳияи Бодканд, марзро убур карда, дар қаламрави Қирғизистон ба тарафи мошинҳои шаҳрвандони ин кишвар, ки тариқи роҳи Бодкан-Исфана мегузаштаанд, санг мепартофтаанд: “Онҳо ба фармони марзбонони қирғиз барои бозгашт ба қаламрави кишвари худ итоат накарда, сӯи марзбонон низ санг андохтаанд. Марзбонони тоҷик, ки ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд, барои ҷилавгирӣ аз амали шаҳрвандонашон коре накарданд. Баръакс марзбонони тоҷик зӯроварӣ карда, якҷоя бо шаҳрвандонашон талош намуданд, ки силоҳи марзбонони қирғизро гиранд. Дар натиҷа аз ҳар ду ҷониб як тирӣ холӣ карда шуд, ки дар пайи он як шаҳрванди Тоҷикистон маҷруҳ гардид”.
Ҷониби Қирғизистон дар пайи гунаҳкор кардани ҷониби Тоҷикистон изҳор доштааст, ки феълан тафтиши ин қазия идома дорад ва мулоқоти ҳайатҳои ду ҷониб дар назар аст.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд ва аз ин нишондод танҳо 567 километраш аломатгузорӣ шудааст. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат гиранд.