-Сохтмону иншоотҳои дар ҳудуди шаҳр бунёд мегашта, бо сабабҳои барои мо номаълум аз корхонаи мо хишт харидорӣ намекунанд. Дар ҳоле, ки қиммати маҳсулоти мо ба нархи хиште, ки аз навоҳии Ҳамадониву Сарбанд меоранд, баробар асту сифатнокии хишти корхонаи мо баландтар мебошад. Зеро хоке, ки мо хишт истеҳсол мекунем, хоки кулол асту хушсифат. Сабаби асосии қарздор мондани корхона маҳз ба савдо нарафтани маҳсулот ва камбуди харидор мебошад,- шарҳ медиҳад Давлаталӣ Атоев. Ба гуфти ӯ, корхонаи «Хишти Кӯлоб» дар марҳилаи муфлисшавӣ қарор дорад. Барои аз ин холат баромадан дастгирии ҳукумати маҳаллӣ ба маврид аст, вале мутаасифона дар ин маврид касе ба мо кӯмак намекунад.
Муттаасифона, соҳибмулк Қурбон Чоловро хабарнигори маҳаллии хабаргузории «Озодагон» дар корхона пайдо карда натавонист. Роҳбари корхона Мавҷуда Чолова бошад, бо ҳар баҳона нахостааст, бо ҳамкорамон дар мавриди фаъолияти коргоҳ сӯҳбат кунад.{jathumbnail off}