Нуриддин Саид "дархост"-и Эрдуғон барои бастани литсейҳои Гюленро рад кард
Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 6-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе иттилоъ дар мавриди дархости Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, ки гӯиё аз Тоҷикистон бастани литсейҳои туркиро хостааст, рад кард.
Вазири маорифи Тоҷикистон гуфт, ҳеч дархосту дастуре барои бастани литсейҳои туркиро нагирифтаанд ва дар кишвар танҳо номи ин муассисаҳо иваз мешавад. Ба гуфтаи вазир ин муассисаҳо минбаъд бо номи мактаби хонандаҳои болаёқат фаъолияташонро идома медиҳанд ва агар омӯзгорони турк бихоҳанд, фаъолияташонро дар ин муассисаҳо идома диҳанд, онҳоро бо кор таъмин хоҳанд кард.
Қаблан Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз поён ёфтани шартномаи фаъолияти литсейҳои туркӣ, ки таҳти пуштибонии ширкати “Шалола” дар кишвар фаъолият мекунанд хабар дод ва баъдан масъалаи тағйири номгузорияшонро ба миён гузошт. Ба иттилои ин ниҳод “Шалола” дорои 6 литсей дар Душанбе, Қӯрғонтеппа, Турсунзода, Кӯлоб ва Хуҷанд буда, инчунин литсейи байналмилалии Душанбе низ ба он тааллуқ дорад.
“Шалола” ба ҳаракати “Хизмет”-и рӯҳонии фирории турк Фатҳуллоҳ Гюлен марбут дониста мешавад, ки феълан аз ҷониби ҳукумати Раҷаб Эрдуғон дар пайгарди байналмилалӣ қарор гирифтааст. Қаблан расонаҳои туркӣ навиштанд, ки Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз мақомоти кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон хостааст, то мактабҳои Гюленро банданд, аммо вазири маорифи Тоҷикистон ин иттилоъро рад намуд.