Ба иттилои манбаъ, соати 16:45-и рӯзи гузашта ронандаи автомашинаи тамғаи «КАМАЗ» Ҳомидбек Ҳомидови 33- сола истиқоматкунандаи деҳаи «Табушн»-и ҷамоати «Палдорак»-и ноҳияи Мастчоҳ, аснои ҳаракат дар ҷодаи маҳаллии Зафаробод-Хуҷанд, дар километри 28-уми ҳудуди шаҳраки Комсомол бехатарии ҳаракати роҳро таъмин накарда, дучархарони 5 сола Исмоилҷони Хушбахтро пахш намудааст. Дар натиҷа, Исмоилҷон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхонаи марказии ноҳияи Спитамен интиқол ёфтанаш дар роҳ ба шаҳодат расидааст.
Ҳамчунин, соати 20:30-и шоми дирӯз ронандаи атомашинаи тамғаи «Хундай-Старекс» Фирдавс Собирови 23- сола истиқоматкунандаи кӯчаи Ғафуров, ронандаи ҶҶМ «Нақлиёт» дар нақлиёти шахсиаш, ҳангоми ҳаракат аз тарафи кӯчаи Раҳмон Набиев ба тарафи кӯчаи Шестопалов дар рӯ ба рӯи заводи «Тоҷик-ВТОРЧермет» дучархарони шахсияташ номаълум, тахминан 25-30 сола-ро пахш намудааст. Ҷабрдида аз ҷароҳати вазнини гирифтааш дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат расидааст.{jathumbnail off}