ТАҒИРОТИ КАДРӢ: Аз раҳбари нави Шабакаи аввал то сармуҳаррири нави “Ҷавонони Тоҷикистон”(АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон тағйироти кадрӣ дар раёсати Васоити ахбори оммаи давлатии кишварро идома додааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури кишвар, имрӯз 6 июл дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон Айниддин Самаруддин муовини роҳбари Хадамоти матбуоти президенти кишвар таъйин шудааст. Оқои Самаруддин то кунун ба ҳайси директори Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон кор мекард. Ҳоло ба ҷои ӯ дар ин симмат Суҳроб Рауфов таъйин гардид.
Инчунин Самаруддин Асоев, сармуҳаррири ҳафтаномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" муовини аввали сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” таъйин шудааст. Ӯ дар ин мақом Атохоҷа Мирзоҷалоловро иваз кард, ки қаблан муовини раиси Иттифоқи нависандагони кишвар интихоб шуд.
Ҳамин тариқ, Моҳира Сангмамадова Пайшанбеевна - муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият”, Назаров Умед Абдураҳимович - муовини аввали директори муассисаи давлатии “Ҷаҳоннамо” ва Каримов Бахтовар Абдураҳимович - сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” таъйин шудаанд. Ахирӣ то имрӯз сармуҳаррири радиои "Садои Душанбе" буд.
Дафтари матбуоти раёсатҷумҳур афзудааст, Хайринисо Расулӣ бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” озод шудааст.