Падари Ҳусейн: Бо дастгириатон ман ва фарзандамро наҷот додед
Ҷарроҳии Ҳусейни 5-сола, як сокини шаҳри Норак, ки аз бемории нуқсони дил - “тетрадо фалло” ранҷ мебурд, бомуваффақият анҷом ёфтааст.
Маҳмадалӣ Боев, падари Ҳусейн имрӯз, 6 июл ба дафтари “Озодагон” омад ва гуфт, писарашро 31 июн дар беморхонаи Шаҳраки тиббии Душанбе ҷарроҳӣ карданд ва ҳоло саломатии ӯ хуб аст.
Қаблан, Маҳмадалӣ тавассути “Озодагон” барои ҷарроҳии писараш аз сокинони саховатманди кишвар кумак хоста буд. Он вақт ӯ гуфт, ба беш аз чор ҳазор доллар ниёз доранд. Падари Ҳусейн барои ҳамаи онҳое, ки дасти кумак дароз карданд, изҳори сипос кард. “Миннатдории худро дар ин моҳи шарифи Рамазон ба ҳамаи афроде, ки барои ҷарроҳии фарзандам дасти ёрӣ дароз карданду дар вақти мушкилӣ бо ман буданд, иброз медорам. Бо дастгириатон ман ва фарзандамро наҷот додед. Касоне ки дар ин кор кумак карданд, Худованд як сумашонро хазор сум гардонад”.
Ӯ аз Музаффар Табаров, падари Сафина, як бемори дигар, ки низ бо кумаки афроди саховатманд, ҷарроҳӣ шуд, миннатдорӣ намуд. Падари Сафина баъди он ки аз бо муваффақият ҷарроҳӣ шудани дутарчаашро ба “Озодагон” хабар дод, гуфт, маблағи боқимондаро, ки сокинон барояш фиристодаанд, ба хонаводаи Ҳусейн медиҳад.