Маслиҳати МТС ба ҳукумат дар мавриди бастани ҲНИТ
Худойбердӣ Холиқназар, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, ҳар ҳизби сиёсие, ки дар кишвар даст ба қонуншиканӣ мезанад, бояд баста шавад.
Оқои Холиқназар, имрӯз, 6-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе дар посух ба суоли “Озодагон”, ки “агар ҳукумат аз Шумо дар бораи бастан ё набастани ҲНИТ машварат пурсад, мавқеи шумо чӣ гуна хоҳад буд?”, изҳор дошт, “мо бар инем, ҳар ҳизбе, ки қонуншиканӣ мекунад, бояд баста шавад”.
Раиси МТС дар мавриди фаъолияти ҲНИТ афзуд, ҳамарӯза тариқи расонаҳо аз қонуншиканиҳои аъзои ин ҳизб хабар дода мешавад ва “мо ҷонибдори онем, ки чунин ҳизбҳо дар ҷояшон шинонда шаванд”.
Холиқназар Худойбердӣ дар мавриди муроҷиатномаи ахири ҲНИТ ва СММ ва дигар кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон изҳор дошт, ки ин ҳизб ҳаққи аз номи тамоми Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин баромад карданро надорад, зеро ҳамагӣ 25 дарсади Иттиҳоди мухолифинро ташкил медод.