Мо кай ба тафаккури давлатӣ мерасем?
Иршод СУЛАЙМОНӢ
Аз суҳбати як мансабдори сатҳи баланд бо як нафар коруфтода, ки дар чандрӯз пеш бароям қисса кард, ба ин хулоса омадам, ки аксари мансабдорони сатҳи баланди мо, яъне вазирону раисони кумитаҳо тафаккури давлатӣ надоранд. Онҳо доштани мансабро, ки шояд аз роҳи ришват харидаанд мақоми давлатӣ дониста, худро беҳтарин намунаи давлатмард маҳсуб карда, тасаввур ва пиндорҳои худро ҳомили мафкураи давлат мешмаранд. Дар баробари худ, касонеро, ки дар мақому идороти давлат кор намекунад ба мафкураи давлат бегона ҳисобида дар мудирияти давлат шарик намедонанд. Ин шакли пиндор тафаккури давлатӣ ё давлатмардона набуда, балки як тафаккури мансабдорона (чиновническое мышление) аст.
Бадбахтона камтарини мансабдорони мо дорои тафаккури давлатӣ мебошанд ва мутаассифона бештарини онҳо бо тафаккури мансабдорона вориди ҳукумат мешаванд ва ҳукумати мо ҳам аз ин ки як ҳукумати давлатию миллӣ бошад, бештар хосияти ҳукумати мансабдоронаро ба худ мегирад. Давлатмардона фикр кардан як ибораи бисёр маъмул дар сиёсатшиносии амалӣ мебошад. Давлатмардона фикр кардан ба манъони мисли як мансабдор фикр кардан нест, балки аз мавқеи давлат ва манофеи миллат фикр карданро дар назар дорад. Давлатмардона фикр кардан на танҳо ба маънои мисли як давлатмард дар мавриди ҷомеа кишвар тасаввур доштан мебошад, балки бояд давлатмардона амал ва кор кард.
Ибораҳо ва мафҳумҳои фалсафию дар замони мо сиёсие, ки бисёр забонзад шудаанд, мисли худшиносии миллӣ, худогоҳии миллӣ, ватанпарастӣ, хештаншиносӣ, ҳисс ва ифтихори миллӣ аз ҷониби ҳукумат ва мансабдорон барои он хеле бисёр суроғ мешаванд, ки худи ҳукумат натавонистааст, ки як тафаккури давлатии ҷомеъро ба вуҷуд биоварад. Агар ҳамин гуна як муҳити равонӣ дар ҳукумат ба вуҷуд биояд, ки пеш аз ҳама мансабдорон дорои тафаккури давлатӣ биграданд имкон дорад, ки шаҳрвандони дигар ҳам аз мавқейи давлатӣ фикр карданро ёд мегиранд.
Абдулло Раҳнамо, донишмандони тоҷик дар мақолаашбо номи “Муқаддимае ба тафаккури давлатӣ” заминаҳои назарии мавзуъро хеле барҷаста баррасӣ намуда буд. Дар навиштаи Раҳнамо тафаккури давлатиро махсуси “инсонҳои аз назари фикрию сиёсӣ ташаккулёфта” медонад ва доштани чунин як тафаккурро барои омм муҳим намешуморад. Дар ҳақиқат агар мансабдорони моро бо ченак арзишгузорӣ кунем, оё ҳамагии онҳо инсонҳои аз назари фикрию сиёсї ташаккулёфта ҳастанд?
Соҳибони тафаккури давлатӣ касоне мебошанд, ки чӣ будани давлат ва мансаби давлатиро медонад, манофеи миллат ва давлатро на танҳо аз манофеи шахси худ ва гуруҳӣ боло мегузоранд, балки болотар аз манофеи шахсиятҳо ва гуруҳҳои таъсиргузор дар қудрати сиёсӣ низ мегузоранд. Баъзан мансабдорон то ҳатто манфиатҳои худро бедиранг қурбони гуруҳҳое мекунанд, ки дар ҳокимият таъсири чашмгир доранд.
Дар тафаккури давлатӣ яке аз унсурҳои асосӣ мутааллиқ донистани давлат ба тамомии шаҳрвандон аст ва аз ҳамин дидгоҳ муносибатҳоро роҳандозӣ кардан мебояд. Вале тавре он корафтода аз суҳбат бо он мансабдорои сатҳи хеле балнд қисса кард ба ӯ гуфтааст, ки ҳамин ки имрӯз ҳамин мақом дар дасти ман ҳаст ҳар чи бихоҳам мекунам. Агар тафаккури ҳоким дар мансабдорони мо ҳамин бошад, ки ќудрат дар дасташон ҳаст ва ҳар чи, ки бихоҳанд мекунанд, пас оё мешавад эътимоди мардум ба ҳукумат аз тариқи ин гуна мансабдорон ба вуҷуд биояд. Ман фикр мекунам не, шояд Шумо фикри дигар доред?!