Ғарқшавии 9 шаҳрванд дар як рӯз ва ҳушдори ВКД
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ғарқ шудани 9 шаҳрванд дар як рӯз иттилоъ дода, сокинонро ба эҳтиёткорӣ даъват намудааст.
Дар ҳоле, ки обуҳавошиносони тоҷик даҳаи аввали моҳи июл дар Тоҷикистон гармии шадидро пешгӯӣ карда буданд, ба иттилои Вазорати умури дохилӣ танҳо дар як рӯз, 3-юми июл 9 шаҳрванд, ба об ғарқ шудаанд, ки аксарашонро ноболиғон ташкил медиҳанд:
“Аз он ҷумла, дар ноҳияи Восеъ писарчаи хурдсоли 1-сола беэҳтиётии волидайнаш дар ҳавзи назди ҳавлии истиқоматиашон дар об ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. Духтари 15-солаи сокини ноҳияи Ишкошим, аз беэҳтиётӣ ба дарёчаи “Гармчашма”-и ҳудуди ноҳия афтида, ғарқ шудааст. Барои дарёфти ҷасади вай корҳои ҷустуҷӯйи давом дорад. Дар ноҳияи Шаҳринав духтарчаи 5-сола ва писарчаи 3-сола аз беэҳтиётии волидайнашон дар канали обгузари ҳудуди деҳаи Навободи ноҳияи мазкур ғарқ шудаанд. Писарбачаи 4-солаи ноҳияи Рӯдакӣ аз беэҳтиётии волидайнаш дар ҳавзи назди ҳавлии истиқоматиашон ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. Марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми оббозӣ кардан дар дарёи “Кофарниҳон” ғарқ шудааст. Барои дарёфти ҷасади шаҳрванди ғарқшуда ҷӯстуҷӯй идома доранд. Зани 45-солаи сокини ноҳияи Хуросон, ҳангоми гирифтани об аз соҳили дарёи “Ёвонсу”, дар ҳудуди деҳаи Навзамини ноҳия аз беэҳтиётиаш дар об афтида ба ҳалокат расидааст. Писарчаи 2-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров аз беэҳтиётии волидайнаш дар ҳавзи назди ҳавлии истиқоматиашон ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. Писарбачаи 10-солаи сокини ш.Турсунзода, ҳангоми оббозӣ кардан дар дарёи Қаратоғ аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. Ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ҳангоми оббозӣ кардан дар дарёи “Сир” ғарқ шудааст. Барои дарёфти ҷасад чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯи идома доранд”.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон иттилоъ дод, ки аз аввали сол охири моҳи июн дар кишвар 54 нафар дар пайи ғарқшавӣ дар дарёву кӯлҳои ҷумҳурӣ ба ҳалокат расидаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда 23 ҳолат бештар аст.