Ҳимояти САҲА-ю Иттиҳоди Аврупо аз ҲНИТ ва шубҳа дар “парванда”-и Кабирӣ
Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ва Иттиҳоди Аврупо бо пахши як изҳорот аз нигарониҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар мавриди фишор ва нақзи Созишномаи сулҳи тоҷикон оиди плюаризми сиёсӣ ҷонибдорӣ кардаанд.
Дар изҳороти САҲА ва Иттиҳоди Аврупо, ки 2-юми июл дар Вена қабул шудааст, таъкид гардидааст, ки барои якумин бор дар 18-соли охир яке аз тарафҳои калидии созишномаи сулҳи тоҷикон – ҲНИТ, бо нишони эътироз аз нақзи муқаррароти созишномаи сулҳ оид ба плюаризми сиёсӣ ва инчунин бо нишони эътироз алайҳи фишорҳо болои ҳизбу аъзоёнаш ҷашни Ваҳдатро “байкот” кардааст.
Дар изҳорот омадааст, ки Иттиҳоди Аврупо бо ин нигарониҳои ҲНИТ ҳамраъй мебошад: “Хулосаи ниҳоии нозирони САҲА аз раванди интихоботи парлумонии соли равон нишон додааст, ки бо маҳдудиятҳои зиёде гузашта, барои ҳамаи номзадҳо шароити баробар таъмин нашудааст”.
САҲА ва Иттиҳоди Аврупо мегӯянд дар пайи интихобот фишор болои аъзои ҲНИТ афзоиш ёфта, наворҳои шубҳабарангези истеъфои аъзои ҳизб пайдо шуданд.
Дар изҳорот инчунин омадааст, ки мо аз матлаби ахир дар нашрияи ҳукуматӣ оиди тафтишот алайҳи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар робита бо хусусигардонии ғайриқонунии 16 соли пеш нигаронем. Ин созмонҳои бонуфуз баъди муҳлати тӯлонӣ сар задани ин иттиҳомро шубҳаовар хонда, баёнгари афзоиши фишор болои аъзои ҲНИТ ва таҳқиби фаъолону мухолифони сиёсӣ тариқи ифтитоҳи парвандаҳои ҷиноӣ донистаанд.
Дар ниҳояти изҳорот аз ҳукумати Тоҷикистон қотеъона даъват шудааст, ки уҳдадориҳои байналмилалияшро дар назди САҲА иҷро кунаду барои плюаризми сиёсии сулҳомез фазоро боз кунад.
Ин изҳорот дар ҳолест, ки ахиран ҲНИТ барои қатъи фишор болои ин ҳизб дахолати созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои кафили сулҳи тоҷиконро дархост карда буд.
Аз ин пештар “Ҷумҳурият” -- рӯзномаи расмии ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба манобеаш дар мақомот Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ-ро дар заминфурӯшӣ муттаҳам кард. Сомонаи расмии “Ҷумҳурият” бо нашри як матлаб зери унвони “Асрори пушти пардаи тиҷорати Кабирӣ” иттилоъ додааст, ки “ҳангоми таҳқиқи парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба далели хусусигардонии ғайриқонунӣ маълум шуд, ки соли 1999 раиси ҲНИТ сохтмони нотамоми беморхонаи касалиҳои сироятиро, ки барои 500 ҷой пешбинӣ шуда буд, бо 10 гектар замини атрофаш дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ, бо маблағи ночиз харидорӣ намуда, тавассути созишномаҳои сохтаи ҳадясозӣ, бо истифода аз дасти дувум ба сифати замини наздиҳавлӣ барои дигарон фурӯхтаанд. Ин амали қаллобона аз ҷониби мақомоти судӣ ошкор ва ашхоси дастдошта ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Ҳама, ба истиснои соҳибмулки асосӣ - Муҳиддин Кабирӣ. Аз рӯи шартномаи хусусигардонии иншооти мазкур, ки 50 дар сади сохтмони он қаблан анҷом ёфта буд, Кабирӣ уҳдадор буд, ки бинои беморхонаро пурра сохта, мавриди истифодаи сокинони шаҳри Душанбе қарор диҳад”. Нашрияи ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба “як манбаи муътамад аз мақомоти зидахли тафтишотӣ” афзудааст, “тақаллубкориҳои сарвари ҲНИТ ҳангоми хусусигардонии иншооти зикргардида, такроран аз ҷониби мақомоти дахлдор таҳқиқ гардида, далелҳои шайъӣ собит шуданд ва дар доираи парвандаи алоҳидаи ҷиноятӣ тибқи қонун баҳогузорӣ хоҳанд шуд”.