Зимни конфронс Зинатулло Исмоилов изҳор дошт, ки давоми қариб ду соли фаъолият Шўрои мазкур дар Тоҷикистон умури муайянеро бобати ба вуҷуд овардани механизми худтанзикунии фаъолияти журналистӣ анҷом дод. Бо доир намудани силсилаи ҳамоишҳои омўзишӣ ва ҷоннок намудани фаъолияти Шўро теъдоди ташкилоти журналистии эътирофкунандаи меъёрҳои ахлоқӣ ба 50 адад расид. Ҳамчунин, ба Шўро давоми нўҳ моҳи соли равон 18 шикоят ворид шуд, ки онҳо дар дастгоҳи иҷроия ва маҷлиси ин ниҳод баррасӣ гардиданд.
Давоми ду рўз иштироккунандагони конференсия дар баробари баррасии муҳимтарин масоили ахлоқӣ , бобати роҳ надодан ба тарғиби миллатпарастӣ дар ВАО, озодии баён дар шароити фавқуллода, мақоми шўроҳои мустақил ва ҳуқуқи онҳо ба ҷавоб, механизми фаъолияти пурсамар ва ҳалли масоили молиявии фаъолияти мақомоти худтанзимкунӣ изҳори андеша карданд.
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои ВАО ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунии ВАО буда, фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, санадҳои меъёрии байналмилалӣ, оиннома ва меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад.{jathumbnail off}