Суҳбати Ҷононов бо вазири Покистон дар бораи танзими фаъолияти динию таълимоти фиқҳӣ
Шералӣ Ҷононов, сафири Тоҷикистон дар Покистон бо Сардор Муҳаммад Юсуф, вазири федеролии ин кишвар оид ба масъалаҳои дин ва ҳамгироии байни мазҳабҳо мулоқот намудааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии кишвар, ин вохурӣ рӯзи 3 июл дар шаҳри Исломобод баргузор шудааст.
Манбаъ мегӯяд, ҷонибҳо дар ин мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи ба танзим даровардани фаъолияти динӣ, таълимоти фиқҳӣ, одат ва анъанаҳои мазҳабӣ муҳокима кардаанд.