Ваъдаи вазир ба Мамадносири 2,5-сола-ҷабрдидаи тибби тоҷик
Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҳазинаи табобати Мамадносири 2,5 соларо, ки дар пайи як ҷарроҳӣ дар шаҳри Душанбе бесабаб талхадонаш гирифта шуд, бар уҳда гирифтааст.
Дар ин бора Муҳайё Нозимова, яке аз намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар суҳбат бо “Озодагон” хабар дод. Ба гуфтаи Нозимова, ҷаноби Салимзода рӯзи 4 июл дар суҳбат бо онҳо гуфтааст, “ба Шумо сад фоиз кафолат медиҳам, ки пули табобати ин кӯдакро аз куҷое набошад, пайдо карда, ташхис ва табобаташро шахсан бар ӯҳда мегирам”.
Вазири тандурустии Тоҷикистон афзудааст, ки онҳо ҳуҷҷатҳои Мамадносирро ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия фиристодаанд, вале табибон бемории ӯро муайян карда натавонистаанд: “Беморие, ки Мамадносир гирифтор аст, муайян кардани он хеле мушкил аст, зеро чунин касалиҳо хеле каманд. Мо ҳуҷҷатҳои Мамадносирро дубора ба Маскав равон кардем, ҳоло интизори ҷавоби онҳоем. Дар ҳоли муайян кардани беморӣ маблағи табобати онро пурра ба ӯҳда мегирам”.
Қаблан, Гулнораи Зубайдулло, модари Мамадносири 2,5-сола дар суҳбат бо хабарнигорон аз хунукназарии бархе аз табибони тоҷик нисбат ба саломатии фарзанди худ шикоят карда, гуфт, табибон дар пайи як ҷарроҳӣ дар Душанбе талхадони Мамадносирро бесабаб гирифтаанд.
Дар пайи шикояти хонум Зубайддуло як гуруҳ аз ҷомеаи шаҳрвандии кишвар субҳи 4 июл ба мулоқоти вазири тандурустии Тоҷикистон рафта, аз ин амали табибон ва саломатии наврас шадидан ибрози нигаронӣ карданд.