Ҳушдори Рустами Эмомалӣ: Номатонро доғдор накунед, сазовори боварӣ бошед...
Рустами Эмомалӣ, раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон 3-юми июл зимни як ҳамоиш дар Душанбе аз роҳбарони мақомоти давлатӣ хост, бо дасту дили пок кор кунанд то сазовори боварии мардум бошанд.
Дар ин ҳамоиш, ки 3 июл бо ширкати раҳбариятиАгентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Шӯрои адлия, Суди олӣ, Суди олии иқтисодӣ, Палатаи ҳисоб ва намояндагони дигар ниҳодҳои давлатӣ баргузор гардидид, бештар фаъолияти мақомоти судӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Рустами Эмомалӣ зимни баромадаш аз роҳбарони мақомоти судӣ хост ба пешниҳод ва таъини кадрҳои тасодуфӣ хотима бахшанд.
Раиси Оҷонсии зидди фасод ҳолати номатлуби даст ба ҷиноят задани баъзе аз кормандони мақомоти судиро нигаронкунанда арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки ин нафарон бо чунин амал эътибори мақомоти мазкурро коҳиш медиҳанд ва ба шаҳну шарафи кормандони ин сохтор иснод меоваранд: “Чор ҳолати содир намудани ҷиноятҳои коррупсиёнӣ аз ҷониби кормандони мақомоти судӣ ошкор карда шуда, ки нисбат ба соли гузашта як ҳолат зиёд мебошад. Ҳар як судя бояд кушиш намояд худро дар ҷомеа доғдор насозад ва аз худ амалу кирдорҳои нек боқӣ гузорад”.
Рустами Эмомалӣ инчунин аз он интиқод намуд, ки судяҳо нисбати қонуншиканҳои соҳаи нақлиёт ҷаримаҳои камро татбиқ мекунанд: “Ҳолати дигаре, ки қобили таваҷҷӯҳ аст, ин аз ҷониби мақомоти судӣ ҳангоми баррассии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар самти воситаҳои нақлиёт додани сабукиҳои зиёд ба субъектҳо мебошад. Масалан ба мақомоти судӣ дар ду соли охир зиёда аз 169 мавод ба маблағи 845 ҳазор сомонӣ пешниҳод карда шуда, ки ҳангоми баррасии онҳо ба маблағи 299 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудааст, ки фарқият ё сабукии додашуда 553 ҳазор сомониро ташкил медиҳад”.
Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар пайи зикри фасодкориҳо дар мақомоти судӣ афзуд, ки ин ҳолат роҳбарияти мақомоти судиро водор месозад, то назорату чораҷӯиро дар ин самт ҷоннок намуда, ба интихобу пешниҳоди кадрҳои тасаддуфӣ хотима бахшанд.
Рустами Эмомалӣ илова кард, ки тамоми таклифу пешниҳодҳое, ки зимни ин ҷаласа иброз шуданд, “танҳо ба он хотир аст, ки вазифаҳои дар наздамон истодаро бо сарбаландӣ иҷро намуда, сазовори боварии мардуми шарафманди Тоҷикистон бошем. Чи тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, барои он ки дар ҷомеаи мо коррупсия ба таври зарурӣ пешгирӣ ва сатҳи он паст карда шавад, бояд пеш аз ҳама кормандони Палатаи ҳисоб, Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокуратура, ки мардум онҳоро ҳамчун намояндагони ҳокимият ва ҳомиёни қонун мешиносанд, бо дилу нияти нек ва дасти пок фаъолият кунанд ва поквиҷдон бошанд”.
Рустами Эмомалӣ хотиррасон кард, ки яке аз самтҳои асосии сиёсати имрӯзаи ҳукумати Тоҷикистон, ин муборизаи беамон бо падидаи номатлуби паҳнгардида, аз байн бурдани амалҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи зиддикоррупсионии аҳолӣ мебошад.