Истеъфои Маҳмадҷон Ҳабибуллоев аз мақоми сармураббии “Равшан”
Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бо хоҳиши худ аз вазифааш истеъфо додааст.
Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон аз қавли худи Ҳабибуллоев иттилоъ дод, тасмими лағви шартнома пеш аз муҳлат бо розигии президенти даста Музаффар Исҳоқов гирифта шудааст.
Ин ниҳод мегӯяд Маҳмадҷон Ҳабибуллоев ба вазифаи сармураббии дастаи “Равшан” ҳануз моҳи феврали соли ҷорӣ омада буд ва ин аввалин истеъфо дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар ин мавсим мебошад.
Таҳти роҳбарии ин мураббии 50-сола дастаи “Равшан” дар мавсими нави мусобиқоти қаҳрамонӣ 9 бозӣ баргузор кардааст, ки 4 тоашро бо пирӯзӣ, 2- тоашро мусовӣ ва се бозии дигарро бо мағлубият анҷом додааст.
Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар раддабандии ҷадвали даври аввали сабқати Лигаи олӣ бо 14 имтиёз дар мақоми 5 қарор дорад.