Ҷилавгирӣ аз ҳамлаи ДИИШ ба иншооти муҳими Туркия
Мақомоти Туркия ҳафт тан аз ҷанговарони гурӯҳи террористии бо ном “Давлати исломӣ”-ро дар вилояти Измири ин кишвар боздошт намудаанд.
Тибқи иттилои расонаҳо дастгиршудагон қасд доштаанд, ки ба якчанд иншооти стратегии давлати Туркия ҳамлаҳои терористӣ анҷом бидиҳанд. Ба иттилои манбаъ, афроди дастгиршуда шаҳрвандони Туркия буда, онҳо дар ҷангҳои Сурия иштироки фаъолона доштаанд.