Ягона паҳлавони тоҷик дар сабқати “Чингизхон-2015”
Тоҷикистонро дар сабқати байналмилалии ГранПрии “Чингизхон-2015” Муҳаммадмурод Абдураҳмонов намояндагӣ мекунад.
Нурулло Лоиқов, раҳбари Федератсия ҷудои Тоҷикистон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ин мусобиқа имрӯз, 3 июл дар пойтахти Муғулистон шаҳри Уламбатор оғоз шуда то 5 моҳи ҷорӣ идома хоҳад кард. Гуфта мешавад, дар ин сабқат 202 ҷудочӣ аз 35 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд.
Оқои Лоиқов афзуд, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни 100+ кило қувваозмоӣ мекунад.
Муҳаммадмурод Абдураҳмонов бар асоси назарпурсии шореҳони варзиш, ки Ассотсиатсияи хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон баргузор кард, шомили феҳрасти “Даҳ варзишгари беҳтарини соли 2014” гардид.