Искандари Хатлонӣ (Искандар Идиев), шоир ва рӯзноманигори ҷавонмаргу шаҳиди тоҷик имрӯз зодрӯз дорад.
Аммо 57-умин солрӯзи ӯро барои 11-умин бор аст, ки бе ӯ таҷлил мекунанд. Искандари Хатлонӣ 12 октябри соли 1954 дар шаҳри Кӯлоби вилояти собиқи Кӯлоб (ҳоло Хатлон) дар хонаводаи муаллим ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна таҳсилро дар Техникуми сохтмонии шаҳри Душанбе давом дод. Меҳри шеъру шоирӣ Искандарро ба пойтахт ва аз ин ҷо ба Маскав кашида, дар дили собиқ СССР донишкадаи адабии ба номи Максим Горкийро хатм кард. Замоне пас аз итмоми таҳсил дар нашрияи «Адабиёт ва санъат» фаъолият карда, аз ин ҷба Афғонистон ба ҳайси тарҷумон дар Артиши Шӯравӣ барои кор даъват мешавад. Маҷмӯаи «Садои пои вожаҳо» сеюмин китоби шеърии ӯст, ки дар Кобул ба нашр расидааст. Пас аз бозгашт аз Афғонистон дар оғози даҳаи 1990 мелодӣ ба унвони хабарнигори бахши форсии радиои Би–Би-Си фаъолият кард ва аз соли 1995 то дами марг хабарнигори радиои «Озодӣ» буд.
Искандари Хатлонӣ 21 сентябри соли 2000 дар манзили зисташ дар Маскав ба тарзи ноҷавомардона ба қатл расид. Ҳарчанд аз марги шоир, журналист ва ахиран як марди фарзонаи миллат 11-сол гузашта бошад ҳам, то ҳанӯз қотилони ӯ боздошт нашудаанд.{jathumbnail off}