Абдулқодирзода дар намози ҷумъа: ҲНИТ моро ранҷонид!
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз муроҷиати Ҳизби наҳзати исломии кишвар, ягона ҳизби сиёсии динӣ дар Осиёи Марказӣ ба Созмони милали муттаҳиду давлатҳои кафили сулҳи тоҷикон, шадидан ибрози нигаронӣ карда, онро “сафсата ва беасос” хонд.
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раҳбари ин ниҳод, рӯзи 3 июл дар хутбаи намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, “дар моҳи мубораки Рамазон кори нохубе шудааст, ки тамоми ходимони дин, аз ҷумла аъзои Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистону имому сархатибони масоҷиди кишварро ранҷонидааст ва ин кор изҳороти бемантиқу беасоси Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад”.
Абдулқодирзода ҳарчанд таъкид кард, ҳоло гуфтанӣ нест ҲНИТ-ро аз хориҷ киҳо пуштибонӣ мекунанд, вале гуфт, “тамоми ҳизбу ҳаракатҳои динӣ аз сӯи доираҳои манфиатхоҳ пуштибонӣ шуда, ҳадафи онҳо тафриқаандозӣ миёни мусулмонон мебошад”.
Ӯ дар идома афзуд, “ҲНИТ омада-омада дар моҳи Рамазон як изҳороте ба СММ кардаву гуфтааст, гӯиё Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон барҳам хурдааст, ки ин ҳама сафсатаҳои бемаънӣ ва дурӯғ мебошад. Дар моҳи Рамазон ин гуна кор кардан аз нигоҳи Ислом нест. Бояд ҲНИТ ҳадди ақал инсоф мекарду дар моҳи Рамазон ин корро намекард, чун моҳи Рамазон моҳи ухувату бародарӣ аст”.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар номаи шикоятие унвонии Дабири кулли Созмони милали муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳодияи Аврупо, Созмони ҳамкориҳои исломӣ, роҳбарони кишварҳои кафил ва узви гуруҳи тамос барои татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон - Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Ирон, Афғонистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҷумҳуриҳои Туркманистону Қирғизистон аз фишорҳои зиёди мақомот хабар дода, хостори мудохилаи онҳо ба вазъияти мавҷуда шудааст.