Боздошти марди 42-сола бо гумони муомилоти ғайриқонунии ёқути сурх
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини шаҳри Душанбе бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳои табиӣ хабар дод.
Тибқи иттилои ин ниҳод, ин сокини 42-солаи шаҳри Душанбе рӯзи 2 июл дар пайи як амалиёт дастгир шудааст: “Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 10 адад санги сурхчатоби торик ёфт гардид”.
Вазорат мегӯяд, муайян шуд, ки сангҳои мазкур навъи ёқути сурх буда, вазнашон 44,78 граммро ташкил медиҳанд. Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ, нисбати боздоштшуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.