Ҳалокати ҷавони тоҷик дар муноқиша бо узбакҳо дар Маскав
Дар пайин муноқишаи шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон дар вилояти Маскави Русия як ҷавони тоҷик ба ҳалокат расидааст.
Иззат Амон, раиси созмони Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин ҳодиса рӯзи 29 июни соли равон рух дода, дар пайи он шаҳрванди Тоҷикистон Диловаршо Сафаров кушта шудааст.
Ба иттилои манбаъ Диловаршо Сафаров 29 сол дошта, сокини ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон мебошад ва ҳоло ҷасади ӯ дар сардхонаи Домодедово қарор дорад.
Ба гуфтаи Иззат Амон, муноқиша миёни як гуруҳи беш аз 20 нафарии муҳоҷирони кории узбаку тоҷик рух додааст: “Ба эҳтимоли зиёд муҳоҷирони корӣ дар ҳолати мастӣ ба ҳам дарафтодаанд”.
Раиси созмони “Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия аз сокинони кишвар даъват дорад, ки агар нафаре ин шаҳрванди Тоҷикистонро мешиносад барои пайдо кардани наздикони ӯ кӯмак кунанд”.