Тағйирот дар сохтори зертобеи Р.Эмомалӣ ва мақоми нави Сафар Каримов
Кумитаи доварӣ аз тобеияти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ниҳоди зертобеи Рустами Эмомалӣ гирифта шуда, ба сохтори Лигаи миллии футболи кишвар гузашт.
Тибқи иттилоияи Федератсияи футболи Тоҷикистон минбаъд интихоби доварони бозиҳои лигаи олӣ, лигаи аввали кишвар ва инчунин мусобиқоти қаҳрамонии ҷавонон ба уҳдаи Лигаи миллии футбол гузошта шудааст ва раванди интихобро Алишер Урунов роҳбарӣ мекунад.
Ба иттилои манбаъ Сафар Каримов, ки тӯли 1,5 соли охир Кумитаи довариро роҳбарӣ мекард, ба вазифаи сардори бошгоҳи варзишии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Норак таъин шудааст.
Ин дар ҳолест, ки аввали соли равон шуъбаи нозиротӣ низ ба сохтори Лигаи миллӣ дохил шуд ва нозирони бозиҳои лигаи аввал, лигаи олӣ ва инчунин мусобиқоти қаҳрамонии ҷавононро низ ин лига интихоб мекунад.