Азиз САНГИН, махсус барои "Озодагон"
Дар саросари шаҳри Копенгаген - пойтахти Дания, ки аз лиҳози шумори аҳолӣ бо Душанбеи мо қиёспазир аст, ҷамъулҷамь 26 дорухона фаъолият мекунад. Фақат дар хиёбони Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе шумори дорухонаҳое ки “дарҳои худро ба рӯи мизоҷон боз” нигоҳ медоранд, ду баробар бештар аз рақами болост!
Аз як дӯсти даниягиям, ки бо тавсияҳои исроромези банда ба Тоҷикистон сафар карда буд, баъди бозгашташ хостам беҳтарин ва бадтарин таассуроташро аз ин мусофират бо ман дар миён бигзорад. Беҳтарин ҳамонхое буданд, ки интизорашонро доштам: табиати биҳиштосо бо рангомезӣ ва ҷилваи мутановвеъ, ҳавои нарму гуворо, мардумони меҳмоннавоз ва соддаву пурмухаббат (ҳанӯзам? Бо вуҷуди..., шодмона фикр мекардам ман). Душанбеи ба гуфташ “нозаниншаҳре, ки бо як дидан ошиқаш шудааст" ва даҳҳо мушоҳидаву таассуроти хотирмони дигар.
Вале бардошти нохушоянди дӯстам бароям ғайриинтизор буд. Фикр мекардам, ҳатман аз беназмиҳои фурудгоҳ ёдовар мешавад ё аз Нақби торику ҳавлноки “Истиқлол” ва аз ин қабил навоқисе, ки перомунашон борҳо хондаему шунидаем...
Ёд доред ин мақоли қадимаи мардумамонро, ки мегӯянд, “ба ҳар шаҳр ё кишваре сафар кардӣ, нахуст нархи пиёзро пурс”. Яъне, гаронӣ ё арзонии арзиши пиёз мизони осудагӣ ва рифоҳи мардуми он кишварро бароят бозгӯ мекунад. Фаҳмишест аз назари имрӯзиён бисёр сатҳӣ ва омиёна, вале дар умқаш мантиқе, ҳикмате нуҳуфтааст, албатта. Аммо ин дӯсти мо ҳамчун намои сазовори гузаштагонаш -- виккингҳо, ки ҳанӯз дар оғозгоҳҳои таърихи башар аз роҳи дарёву уқенусҳо ҷаҳонро дарменавардиданд, дилбастаи сайру сайёҳат аст, нақл кард, ки дар ҳеч гӯшаи дунё ин миқдор дорухонаро надидааст, ки дар Душанбеи мо дида. Ӯ гуфт, "азбаски корманди риштаи беҳдоштам, ҳарҷо ки меравам, ба вазъи ин соҳа таваҷҷуҳ мекунам. Ва чи оинае метавонад рӯшантару гӯётар аз рӯй, чеҳра, симои инсонҳо вазъи ин соҳаро бозтоб намояд? Фикр намекунед, ки миёни зиёдии фавқулоддаи шумори давохонаҳо аз як тараф ва чеҳраҳои ғолибан заҳиру тираву пажмурда аз ҷониби дигар, чӣ таносуби дардноке метавонад нуҳуфта бошад?!”
Ин суолхитобаи дӯстам, ба ростӣ сахт таконам дод ва хотираҳою саҳнаҳои ҳузнангезеро аз сафарҳои пешинаам ба Ватан рӯгардону бодгардон кард. Ёдам омад, ки ҳар навбати сафар, воқеан, “бизнес”- доруро шукуфотар, баравнақтар ва фарогиртар аз қабл дармеёфтам, дар ҳоле ки бозори маводи аввалияи зиндагӣ, мисли руған, орд, гӯшт, шир, меваю сабзиҷот ва ғайра рӯ ба карахтӣ, гаронӣ ва касодӣ мерафт. Ёдам омад, шикваҳои дӯстону наздикон, ки мегуфтанд масрафи дорую табобат рӯиҳамрафта ҳиссаи бештару бештари дастмуздашонро “фурӯ” мебарад, бидуни онки дар ҳолашон, бемориашон беҳбуде ҳосил гардад, зиёда аз он дар аксар маворид баръакс шадидтар ба гирдоби ин “бизнес”-и фалокатбор кашида мешаванд. Борҳо таҷриба кардаанд: агар бо як нороҳатии содда, ки имкон дорад бо як курси камзарар ё давои табиӣ ё ҳатто як сухани таскинбахше рафъ шавад, ба муассисоти табобатӣ муроҷиа кунӣ, ҳатман як ёддошти тулонии иборат аз чандин номгӯи доруро ба дастат медиҳанд ва таъкид ҳам мекунанд, ки бояд аз фалон дорухона дастрас намоӣ.
Гумон мекунед, фоҷиаи Муслиҳиддин Сафаралиев, як сокини ноҳияи Ҳисор, ки ҳамин дирӯз навишт, “табибон маро бенаслу хонавайрон карданд” (“Озодагон” 13 июни с. 2015) ё фиғони модаре, ки табибони “ҳозиқ” бидуни ҳеч ташхисе талхаи фарзанди 2-солаашро берун кашидаанду бо бераҳмонатарин шева аз беморхона рондаанд (“Фараж”, 25 июни с. 2015), ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷи азими эътирозотро ба дунбол доштанд, ягонаву тасодуфӣ будаанд?! Ё гумон мекунед, хулосаи охирин пажуҳишҳо дар мавриди то 30 дарсад коҳиш ёфтани тавонмандиҳои наслофаринии мардони тоҷик дар 10 соли охир, ки муддате қабл расонаӣ шуд, аз осмон гирифта шудаасту кирои гӯш ҷунбондан намекунад?!
Боз ҳам ёдам омад, ки дар суҳбатҳои сарироҳӣ ва гирдидастархонии мардум ҳам, аксар вақт, ҳамин мавзӯи “беморӣ”-ҳо, табибони нолоиқу судҷӯ, ҳамкориҳои “мутақобилан судманд”- и табибон бо доруфурӯшон, давоҳои қалбакӣ, ҳиссаи кӯмакҳои хайрияю башардӯстонаи кишварҳо ва созмонҳои байналмиллалӣ дар равнақи ин “бизнес”-и асафбор ва ғайра мечархиду мечархид...
Ва бо қалбе хунчакон ба ёди охирин рӯзҳои зиндагии модарам афтидам. Аз бемории фишори хун ранҷ мекашиду бо вуҷуди давову табобати бисёр, бар асари фишори баланд самти чапаш ба карахтӣ гаравида буд. Тасаввур кунед, ки табиби “ҳозиқ”-е аз фарти нодонӣ ё ба хотири суде (дар ҳарду маврид ҳам ҷиноятест фачеъ), ҳамон пои сиҳату фаъолашро ҳам “шикаста аст” гуфта, гачбандӣ (гипс) карда буд. Мо фарзандонаш замоне аз ин иштибоҳ огоҳ шудем, ки дигар афсусу вовайло фоида надошт...
Ҳамин ҷо бояд иқрор кунем, ки мавзӯи мавриди назар аз он қабил масоиле нест, ки бо номбар кардани чанд мушоҳидаву шунидаҳо, ибрози андешаҳои перомунӣ ё савори зини эҳсосот, сабуку содда аз паҳлӯяш гузар кунӣ. Мавзӯест, ки ба тадқиқоти комилу фарогири журналистӣ ва шояд ҷиноӣ ниёз дорад, ки умедворам бо ин навишта таваҷҷуҳи амиқи васоити ахбор ва сохторҳои зиссалоҳи кишварро ба он ҷалб карда бошам.
Вале ба манзури он ки боз ҳам ба ҷиддият ва зарурияти мавзӯъ таъкид намоям, лозим медонам чанд нуктаи муҳимро ёдовар шавам. Дар ҳоле ки тамоми пажуҳишҳҳои дармонпизишкии муосир аз хусуси шиканандагӣ ва зиёнбарангезии маводи кимиёвии доруӣ бонги изтироб мезананд, дар ҳоле ки тамоми низоми тандурустии кишварҳои пешрафтаи дунё бисоти истифодаи ин гуна маводро таҳти назорати шадид қарор додаанд ва бар коҳиши он пофишорӣ мекунанд, Тоҷикистони мо ба сияҳгили ин тиҷорати маргбор жарфтар фурӯ меравад. Шояд мисоли зер кофӣ бошад, ки ин таносуби шигифтангезро бозгӯ кунад: дар саросари шаҳри Копенгаген - пойтахти Дания, ки аз лиҳози шумори аҳолӣ бо Душанбеи мо қиёспазир аст, ҷамъулҷамь 26 дорухона фаъолият мекунад. Фақат дар хиёбони Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе шумори дорухонаҳое ки “дарҳои худро ба рӯи мизоҷон боз” нигоҳ медоранд, ду баробар бештар аз рақами болост! “Нушдорӯ мехоҳед? Кадом навъаш-- русӣ, чиноӣ, покистонӣ, ҳиндӣ қазоқӣ, узбакӣ?...” Дарҳое ки ба сӯи шафоъат не, ба сӯи беморӣ, ба сӯи заъфу нотавонӣ, ба сӯи бесӯӣ бозанд...
Афрод ва неруҳое, ки ба таъбири Мавлавии Балхӣ чархаи ин “чархи мардумхор”-ро мечархонанд, фаҷеътарин фалокатро ба сари мардуми худ фурӯ мерезанд, ки онро бемуҳобо фақат бо фоҷеаи ҷанги шаҳрвандии гузашта қиёс метавон кард: агар он пуштвонаи миллати моро шикаст, ки бо гузашти беш аз 20 сол ҳам наметавонем қад барафрозем, пас “бизнес”- и дору ва ҳамкориҳои танготанги он бо низоми тандурустӣ ҳама узвҳои дохилии ин пайкари ҷафокашида ва наслҳои баъдии онро мисли реши равон батадриҷ аз ҳам мерезад ва ба сӯи нотавонию нобудӣ мекашонад. Он вақт дигар ҳама шиорпартоиҳои мо аз қабили “Руҳи солим дар бадани солим”, “Ҷомеаи солимро инсонхои солим месозанд” ва ғайра наметавонанд ин дарди аз даво гузаштаро ба дармон бирасонанд.